Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Амрико ба таҳқиқи видеои баҳсбарангез пардохтааст


Нерӯҳои баҳрии Амрико ба таҳқиқи наворе пардохтаанд, ки нишон медиҳад, чаҳор сарбози ин нерӯҳо ба ҷасадҳои ҷангҷӯёни Толиб мешошанд. Дар баёнияи расмии нерӯҳои баҳрии Амрико омадааст, сарчашма ва саҳеҳии навори видеои нашршуда дар торнамои Ю Тюб муайян нашудааст. Аммо ҳамзамон гуфтаанд, чунин рафтор хоси нерӯҳои баҳрии Амрико нест. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида, ин навори видеоиро нороҳаткунанда хонд ва гуфт, ингуна “рафтори зиштро” маҳкум мекунад. Маълум нест, видеоро кӣ ба навор гирифта ва дар интернет гузоштааст.
XS
SM
MD
LG