Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштаҳои Тоҷикистон дубора барфпӯш мешаванд


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз осмони шаҳри Душанбе абрӣ шуда, дар нимаи аввали рӯз каму беш барф меборад. Ҳарорати ҳаво то 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд дар нимаи дуввуми рӯз ҳаво соф ва то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво софу беғубор мешавад. Ҳарорати ҳаво давоми рӯз то 13 дараҷа боло хоҳад рафт.

Осмони шаҳри Хоруғ абрӣ хоҳад буд, аз 6 то 8 дараҷа сард мешавад.
Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои абрӣ пешгӯӣ шудааст, дар Рашту Тавилдара ва Нуробод барф меборад, ҳарорат аз 2 то 5 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG