Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти Садовничий ва "Ролкан"-ро баррасӣ мекунад


Владимир Садовничий
Владимир Садовничий
Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 27-уми январ шикояти вакилони лётчики рус Владимир Садовничийро баррасӣ хоҳад кард. Яке аз вакилони дифои халабон, узви Шӯрои ҷамъиятии Русия, Анатолий Кучерена ба хабаргузориҳо гуфтааст, як аризаи дигар аз тарафи ширкати “Ролкан” низ ба додгоҳ расидааст. Вакилон бар инанд, ки бояд “доғи судӣ” аз номи Садовничий бардошта ва ҳавопаймоҳо ба соҳибашон баргардонида шавад. Догоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 8 ноябри соли гузашта ҳавонавардони ширкати русии “Ролкан” шаҳрванди Русия Садовничий ва Эстония Александр Руденкоро бо иттиҳоми қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва поймол кардани қоидаҳои байнулмилалии парвоз ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард. Вақте ки ин хабар дар матбуоти Русия паҳн шуд ва раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ба ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дастур дод, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парвандаро зери назар гирифт ва 22-юми ноябр додгоҳ ҷазои Садовничий ва Руденкоро коҳиш дода, онҳоро озод намуд.
XS
SM
MD
LG