Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хандаи роздори ду президент. Шарҳи фейсбукиҳо


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Ҳуго Чавез, раҳбари Венесуэла
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Ҳуго Чавез, раҳбари Венесуэла

Назари хонандагон ба як акси Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Ҳуго Чавез, раҳбари Венесуэла дар Фейсбук.

Ин акси раҳбари Венесуэла бо ҳамтои эронияш рӯзи якшанбе дар пайи сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Амрикои Лотин дар торнамои "Озодӣ" ва шабакаи Фейсбук гузошта шуд.

Мо аз хонандагони худ дар Фейсбук хоста будем, то назарашонро дар бораи ин акс ва ончӣ, ки онҳо мебинанду тасаввур мекунанд, бинависанд.

Ҳарчанд бархе аз хонандагон дар пайи ин акс танҳо нишона ё рамзи "лабханд"-ро гузоштаанд, аммо иддае дигар талош кардаанд, то парда аз рӯи ин хандаи роздори Чавез ва Аҳмадинажод бардоранд.

Фохир Юсуфбеков хеле кӯтоҳ назари худро баён кардааст: "Эҳтимол ҳардуи инҳо Барак Обама, раисиҷумҳури Амрикоро тамасхур мекунанд, чун "ошиқ"-и Амрикоянд."

Беҳрӯз Сафаров дар пайи хандаҳои Аҳмадинажод ва Чавез навиштааст, ки шояд ин ду раисиҷумҳур воқеаи хандаовареро нақл мекунанд.

Фаррух Салимов ҳам мегӯяд, "ҳаҷми воқеии мушакҳои озмудаи Эрон, ки аз он ҷаҳон дар таҳлука афтод", зоҳиран ин ду дӯстро ба ханда водор кардааст.

Маҳмадрӯзӣ Шоев бошад, ин саҳнаро чунин тасвир карда: "Аҳмадинажод: Оқои Чавез, гулӯгоҳи Ҳурмуз ин қадар ҳаст, ки мо баста метавонем, то нафт ба Амрико нагузарад. Чавез: Ҳа-ҳа, хурсандам кардед, оқои Аҳмадинажод."

Рауф гуфтааст, чаро ин аксро интихоб кардед, магар мавзӯи дигар набуд?

Аммо ин танҳо чизе нест, ки дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук хоҳед дарёфт. Баръакс, сабти овозии ҳамаи барномаҳои Радиои Озодӣ, беҳтарин мақолаҳо, аксҳо, гузоришҳоеи видеоии моро метавонад дар сафҳаи вижаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук пайдо кунед. Дар сафҳаи мо дар Фейсбук аксҳое, ки дар торнамои радио нашр нашудаанд ё дар замони мухталиф дар гузашта омода гаштаанд, дар шакли албомҳо пешкаши бинандагон мешаванд.

Инчунин дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳар сари чанд рӯз назарсанҷиҳое ҷараён мегирад, ки Шумо бо як клик ё “нохун задан” метавонед, назари хешро баён доред.

Дар Фейсбук бо Радиои Озодӣ бипайвандед!
XS
SM
MD
LG