Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон бояд оташбасро қабул кунанд"


Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон
Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, қабл аз он, ки музокирот бо Толибон дар Қатар оғоз шавад, онҳо бояд ба як оташбас мувофиқа намоянд.

Ин нуқтаро Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар Кобул баён доштааст.

Бино ба иттилои Ассошиейтед Пресс, Аймал Файзӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон ҳеҷ минтақаеро зери назорати Толибон нахоҳад гузошт.

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ин нуқтаро чанд рӯз баъд аз он матраҳ кард, ки Толибон эълон карданд, намояндагии сиёсиашонро дар Доҳа-пойтахти Қатар ифтитоҳ хоҳанд намуд.

Ин эълони Толибон аввалин иқдоми онҳо барои хатми ҷанги даҳсола дар Афғонистон шумурда мешавад. Вале сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, вақте, ки музокирот оғоз шавад, бояд оташбас сурат гирад ва ба хушунатҳо алайҳи афғонҳо поён дода шавад.

Оқои Файзӣ ин гузориши расонаҳоро рад кард, ки ҳукумат дар ивази поёни хушунатҳо аз сӯи Толибон, назорати баъзе манотиқи ҷанубии кишварро ба онҳо хоҳад супурд.

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ҳукумати кишвараш чунин дархостро ҳеҷ гоҳ нахоҳад пазируфт. Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки музокироти сулҳ дар ҳар ҷое, ки баргузор гардад, бояд бо раҳбарии афғонҳо сурат бигирад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳо, музокироти мақомоти амрикоӣ ва Толибон аз ҳудуди як сол ба ин тараф бо кӯмаки Олмон ва Қатар идома дошта ва дар он намояндагони ҳукумати Афғонистон ширкат надоштаанд.

Дар ин ҳол Муҳаммад Исмоили Қосимёр, як масъули Шӯрои олии сулҳи Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, ин шӯро аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ба зуди ҳайатеро ба Доҳа бифиристад. Вале ба гуфтаи Аймал Файзӣ, ҳукумати ин кишвар то кунун дар ин маврид тасмиме нагирифтааст.

Бо вуҷуди он, ки ИМА талош дорад қабл аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон мушкили ин кишварро аз тариқи музокира ҳал кунад, вале борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар гуна гуфтугӯ бояд бо раҳбарии худи афғонҳо сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG