Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯби тиллоӣ" боз ҳам насиби Лионел Мессӣ шуд


Лионел Мессӣ
Лионел Мессӣ

Ҳамлагари дастаи футболи “Барселона” пайиҳам барои бори саввум беҳтарин футболбози олам эътироф шуд.

Лионел Мессӣ, ҳамлагари дастаи "Барселона" дар солҳои 2009 ва 2010 низ ин унвонро касб карда буд.

Дар раъйдиҳие, ки миёни хабарнигорони соҳаи варзиш ва муррабиёну капитанҳои дастаҳои футбол баргузор шуд, Лионел Мессӣ нисбат ба рақибонаш -- Хавӣ ва Криштиан Роналду раъйи бештарро соҳиб шуд.

Ҳарсе футболбозе, ки ба рӯйхати довталабони “Тӯби тиллоӣ” шомил буданд, узви ду дастаи беҳтарини чемпионати Испания “Барселона” ва “Реал” мебошанд.

Зимнан, Роналду соли 2008, замоне ки дар дастаи “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекард, соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шуда буд. Хавӣ бошад, се сол боз дар сабқат барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон мақоми саввумро ишғол мекунад.

Дар бозиҳои гуногуни мавсими имсола, Мессӣ ба дарвозаи ҳарифон 53 тӯб задааст.

Дастаи “Барселона” соли 2011 қаҳрамони футболи Испания шуд ва дар бозиҳо барои Ҷоми олии Аврупо ва чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳои футбол пирӯз шуд ва аммо дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Испания аз дастаи “Реал”-и Мадрид шикаст хӯрд.

Дар ҳамин ҳол, Хомарэ Сава, нимҳимоятгари тими мунтахаби Ҷопон, беҳтарин футболбоззани ҷаҳон дониста шуд.

Хосеп Гвардиола, сармураббии тими "Барселона"-и Испания, беҳтарин мураббии тимҳои мардона, Норио Сазаки, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Ҷопон, беҳтарин мураббии тимҳои занона эътироф гардиданд.

Алекс Фергюсон, сармураббии тими “Манчестер Юнайтед”, ба ҷоизаи махсуси президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер мушарраф шуд.

Федеросиюни футболи Ҷопон соҳиби ҷоизаи ФИФА "Fair Play" (“Бозии одилона”) гардид.

Неймар, ҳамлагари тими "Сантос" ва мунтахаби Бразилия, бо ҷоизаи ба номи Ференс Пушкаш барои беҳтарин голи сол мукофотонида шуд.

Дастаи мунтахаби сол аз рӯи ривояти FIFPro: Икер Касиляс ("Реал"), Дани Алвес ("Барселона"), Жерар Пике ("Барселона"), Серхио Рамос ("Реал"), Неманя Видич ("Манчестер Юнайтед"), Андрес Инйеста ("Барселона"), Хаби Алонсо ("Реал"), Хавӣ ("Барселона"), Лионел Мессӣ ("Барселона"), Криштиано Роналду ("Реал"), Уэйн Руни ("Манчестер Юнайтед").

Маросими мукофотсупорӣ ба лауреатҳои соли 2011 дар футболи ҷаҳонӣ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG