Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол: "Барселона" -- қаҳрамони ҷаҳон


Дастаи “Барселона”-и Испания қаҳрамони ҷаҳон миёни бошгоҳҳои футбол дар соли 2011-ум гардид.

“Барселона”, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, дар бозии ниҳоии сабқати ҷаҳонӣ миёни бошгоҳҳои футбол, ки дар шаҳри Иокогамаи Ҷопон баргузор шуд, бар тими "Сантос"-и Бразил, барандаи Ҷоми Либертадорес (Амрикои Ҷанубӣ), бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард.

Лионел Месси дар дақиқаи 17-ум ҳисобро боз намуд. Баъди ҳафт дақиқа Хави голи дуюмро ба ҳадаф расонд. Фабрегас пеш аз танаффус, дар дақиқаи 45-уми дидор, ҳисобро афзун кард. Месси ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ голи чаҳорумро ба дарвозаи “Сантос” зад.

Ҳамин тариқ, "Барселона" қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон миёни бошгоҳҳои футбол гардид. Бори аввал испаниҳо соли 2009-ум пас аз пирӯзӣ бар тими , "Эстудиантес"-и Аргентина ба чунин комёбӣ мушарраф шуда буданд.

Дастаҳо дар ҳайати зерин бозӣ карданд:

“Сантос”: Кабрал Барбоза, Дурвал , Данило (Элано, 30), Лео, Бруно Родриго, Пашеко де Лима, Арука, Гансо (Ибсон, 82), Абонитси де Соуза, Неймар, Боржес (Алан Кардек, 79).

“Барселона”: Валдес, Дани Алвес, Пике (Маскерано, 56), Пуйол (Фонтас, 84), Абидал, Инеста, Фабрегас, Алкантара (Педро, 78), Хави, Бускетс, Месси.

Дар бозии дигар дастаи "Ал-Садд"-и Қатар, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, барои ҷои сеюм бо тими мизбон - "Касива Рейсол"-и Ҷопон рақобат кард.

Замони асосӣ ва изофии ин дидор бидуни гол хотима ёфт. Аз рӯи силислаи зарбаҳои 11-метра "Ал-Садд" бо ҳисоби 5:3 ғолиб омад ва бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG