Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф: Тарсе надорам ва ба Покистон бармегардам


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон
Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон

Раисиҷумҳури пешини Покистон мехоҳад, охири моҳи январ ба ватан баргашта, фаъолияти сиёсияшро идома диҳад.

Дар ин бора худи Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон, дар як сӯҳбати видеоӣ бо ҷонибдоронаш, ки дар шаҳри Карочӣ ҷамъ омаданд, хабар дод.

Ӯ аз ҷумла гуфт, "ман дар байни таърихҳои бистуҳафтум ва сиюми ин моҳ ба Покистон бархоҳам гашт. Ҳамчунон эълом мекунам, ки ба Карочӣ хоҳам омад. Агар Худо бихоҳад, дар муқобили Шумо хоҳам истод ва суханронӣ хоҳам кард."

Мушарраф гуфтааст, бо вуҷуди имкони дастгир шуданаш дар Покистон, ин корро хоҳад кард.

Парвиз Мушарраф ба майдони сиёсии Покистон соли 1999 баъди он ворид шуд, ки низомиёни содиқ ба ӯ дар вокуниш
Навоз Шариф ва Парвиз Мушарраф
Навоз Шариф ва Парвиз Мушарраф
ба тасмими нахуствазир Навоз Шариф барои аз мақом барканор кардани Мушарраф, даст ба кудато заданд. Навоз Шариф мехост, ки Мушаррафро ба хотири шурӯи даргириҳо бо Ҳинд барои минтақаи Кашмир муҷозот кунад. Баъд аз кудатои бидуни хунрезӣ, Парвиз Мушарраф тайи нӯҳ сол раҳбари ин кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ буд.

Аз ин пеш додситонии Покистон изҳор карда буд, ки агар раҳбари пешин ба кишвар баргардад, билофосила боздошт хоҳад шуд. Аммо расонаҳои Покистон бо такя ба манобеи низомӣ навиштаанд, ки артиши кишвар ба боздошти Парвиз Мушарраф имкон нахоҳад дод.

Парвиз Мушарраф бо он айбдор мешавад, ки нерӯҳои қудратии таҳти фармонаш амнияти нахуствазири пешин Беназир Бҳутторо таъмин накарданд. Хонум Бҳутто 27-уми декабри соли 2007 бар асари ҳамлае дар шаҳри Ровилпиндӣ, дар наздикиҳои Исломобод ба ҳалокат расид.

Мунаққидонаш ӯро ҳамчунин дар саркӯбсозии демократия, таъқиби рақибони сиёсӣ, афзоиши таборгароӣ ва фасод муттаҳам мекунанд. Мухолифини Мушарраф бошанд мегӯянд, ки пас аз шурӯъи ҷанг бо терроризм таҳти фармони Амрико, ӯ кишварро ба як хатти тулонии ҷабҳа табдил кард.

Ҳамзамон, ба гуфтаи рақибон, Мушарраф дар забон ҳамдили Вошингтон буд ва аммо дар асл ба мусаллаҳони
Парвиз Мушарраф ва Парвиз Ашфақ Каёнӣ, раҳбарони пешин ва кунунии артиши Покистон
Парвиз Мушарраф ва Парвиз Ашфақ Каёнӣ, раҳбарони пешин ва кунунии артиши Покистон
“Ал-Қоида”-ву “Толибон” иҷоза дод, ки дар манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон панаҳ бубаранд. Ин манотиқ, аз нигоҳи онҳо, то ҳанӯз барои амнияти минтақаиву байнулмилалӣ хатари ҷиддӣ доранд.

Парвиз Мушарраф дар моҳи октябри соли 2010, ҳизби Лигаи мусалмонҳои кулли Покистонро “ба хотири ҷорӣ намудани фарҳанги нави демокративу сиёсӣ” таъсис кардааст. Ӯ умед дорад, ки тавассути пирӯзии ҳизбаш дубора ба қудрат бирасад.
XS
SM
MD
LG