Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дар Амрикои лотинӣ шарик меҷӯяд


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи 8-уми январ Теҳронро ба қасди Амрикои лотинӣ тарк гуфт.

Аҳмадинажод тайи 5 рӯз аз 4 кишвари ин минтақа –Венесуэла, Никарагуа, Куба ва Эквадор боздид хоҳад кард. Ӯ қабл аз тарки Теҳрон гуфт, ба кишварҳое меравад, ки бо Эрон дидгоҳи муштараки “зиддиистеъморӣ” дошта, алайҳи фишорҳои Амрико “муқовимат” нишон медиҳанд.

ЭРОН ДАР ҶУСТУҶӮИ ДУСТОНИ НАВ

Аммо Амрико ин сафарро, ки дар пайи танишҳо бар сари гулӯгоҳи Ҳурмуз ва ба маҳзи баҳси то ҳол ҳалношудаи барномаи ҳастаияш дар инзивои боз ҳам бештари байналмилалӣ қарор гирифтани Ҷумҳурии исломӣ иттифоқ меафтад, талоши “дар ба дар гаштан”-и Аҳмадинажод ба хотири пайдо кардани дӯстони нав номид ва давлатҳои Амрикои лотиниро аз тавсиаи равобит бо Эрон ҳушдор дод.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, Амрико “ба кишварҳои саросари дунё паёми мутлақо рӯшан медиҳад, ки ҳоло вақти таҳкими равобит – на равобити амниятӣ ва на равобити иқтисодӣ – бо Эрон нест”.

Хонум Нуланд афзуд: “Дар ҳоле ки режим фишори афзояндаеро эҳсос мекунад, дар саросари дунё ва дар манотиқи ҷадид дар ҷустуҷӯи дӯстони нав дар ба дар мегардад.”

ЧАВЕЗ БОЭЪТИМОДТАРИН ШАРИКИ АҲМАДИНАЖОД

Нуқтаи аввал ва муҳимтарини силсиласафари Аҳмадинажод Венесуэла аст, ки ҳокими худкомааш Ҳуго Чавес низ бо лаҳни тунди зиддиамрикоии худ ном бароварда, дар солҳои охир ба як ҳамкори умдаи тиҷорӣ ва сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон табдил ёфтааст. Сафари Аҳмадинажод ба Каракас, қарор буд, дар тирамоҳи соли гузашта анҷом шавад, вале ба иллати ба маризии саратон печидани Чавес ба таъхир афтод.

Ба ҳар сурат, ин дидори панҷуми Аҳмадинажод аз Венесуэла хоҳад буд ва қарор аст, тайи боздиди дурӯзаи ӯ,
Аҳмадинажод ва Чавез
Аҳмадинажод ва Чавез
байни Венесуэла ва Эрон 9 ёддошти ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмону тавлиди маводи сохтмон, саноати доруворӣ, иҷораи киштиҳои нафткаши Эрон ва амсоли ин, имзо шавад.

Ин дар ҳолест, ки ин ду кишвари нафтхез ду муттаҳиди наздик дар ОПЕК – Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт – маҳсуб шуда, дар соли 2010 ваъдаи то 760 миллион доллар сармоягузорӣ дар иқтисоди ҳамдигарро дода буданд. Венесуэла аз ҷумла тааҳҳуд супурда, то ба Эрон, ки бо вуҷуди захоири саршори нафт имконоти тасфияи нафт ва тавлиди бензинаш хеле заиф аст, ҳар рӯз то 20 000 бушка бензин фурӯшад.

То соли 2009 ҳаҷми табодули молу коло байни Эрону Венесуэла ҳамагӣ 90 миллион доллар дар сол буд, вале Теҳрону Каракас аз он ба баъд дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву энержӣ ва ҳатто низомӣ даҳҳо қарордод имзо карданд, ки ба бовари ҳарду, густариши тиҷорат байни ду кишварро дар пай хоҳад овард.

Роҷер Нюрего, муовини собиқи вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Амрикои лотинӣ дар мавриди равобити Эрону Венесуэла мегӯяд: “Мубодилоти молӣ, сармоягузорӣ ва пасандозҳои пулии Эрон дар бонкҳои Венесуэла аз марзи 30 миллиард доллар мегузарад. Эрон аз ин кишвари нафтхез барои махфӣ нигоҳ доштани мубодилоти молиаш истифода мебарад, то таҳримоти байналмилалӣ дар робита ба барномаи ҳастаияшро дур бизанад.”

УНСУРИ ИҚТИСОДӢ Ё ОМИЛИ СИЁСӢ?

Аҳдофи баъдии силсиласафари Маҳмуди Аҳмадинажод зоҳиран далоил ва авомили сиёсии бештар дорад, то унсурҳои иқтисодӣ. Аҳмадинажод дар пайи Венесуэла дар расми адои савганди раисиҷумҳури марксисти Никарагуа Даниел Ортега, ки баъди беш аз 20 сол дигарбора ба қудрат расид, ширкат мекунад.

Ба дунбол, дидори ӯ аз Куба ва Эквадор ҳам дар назар аст. Эрон дар ҳоли ҳозир бо ин кишварҳо равобити чандони
тиҷорӣ надорад, вале як нуктае, ки онҳоро метавонад бо Теҳрон дар як меҳвар гирд биорад, дидгоҳи зиддиамрикоии ҳокимони феълии ин кишварҳост.

Ё ба таъбири Маҳмуди Аҳмадинажод, хатти машши “зиддиистеъморӣ” ва “муқовимат”-и онҳо ба “фишорҳо”-и Амрико. “Фишорҳо”-е ки давлати Аҳмадинажодро ба маҳзи саркашиаш аз қатъи ғанисозии уран ва бозтар кардани ғаразҳои аслии барномаи ҳастаияш дар рӯбарӯи таҳдиди таҳримоти боз ҳам сангинтари байналмилалӣ қарор дода ва акнун, ба таъбири Виктория Нуланд, дар ҷустуҷӯи дӯстони нав дар Амрикои лотинӣ “дарбадар” кардааст.
XS
SM
MD
LG