Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба кишварҳои Амрикои лотинӣ


Вошингтон дар арафаи сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба 4 кишвари Амрикои лотинӣ давлатҳои ин минтақаро аз густариши равобит бо Теҳрон ҳушдор дод. Вазорати хориҷаи Амрико боздиди барномарезишудаи Аҳмадинажод аз Венесуэлаву Никарагуа ва Кубаву Эквадорро “даркӯбӣ”-и Эрон барои пайдо кардани дӯстони нав номид. Сухангӯи ин вазорат Виктория Нуланд гуфт, “ мо ба кишварҳои саросари дунё паёми мутлақо рӯшан медиҳем, ки ҳоло вақти таҳкими равобит – на равобити амниятӣ ва на равобити иқтисодӣ – бо Эрон нест.”
XS
SM
MD
LG