Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҳамлаи Димишқро маҳкум кард


Маҳалли таркиш дар Димишқ
Маҳалли таркиш дар Димишқ
СММ бомбгузории рӯзи ҷумъа дар Димишқро, ки ба гуфтаи мақомоти Сурия, 26 кушта ва 63 захмӣ ба ҷо гузошт, маҳкум кард. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз вазъи рӯ ба вахомат овардаи Сурия изҳори “нигаронии амиқ” кард. Таркиши ахир дар пойтахти Сурия 2 рӯз қабл аз баррасии гузориши муқаддамотии нозирони Лигаи Араб рух дод. Ин гурӯҳи нозирон иҷрои нақшаи хатми саркӯбии ошӯбҳои зидди раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро, ки дар 10 моҳ беш аз 5 000 қурбонӣ ба ҷо гузошт, назорат мекунад.
XS
SM
MD
LG