Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон бо таъсиси дафтари Толибон дар Қатар ихтилофе надорад


Толибони Афғонистон имрӯз ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтанд, ки “дафтари сиёсии” худро дар Қатар таъсис дода баъди даҳ соли фаъолиятҳои шӯришӣ ба музокира пардозанд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар як изҳорот мегӯяд, ки “фурсати муносибе расидааст, ки дар берун аз кишвар дафтаре боз шавад, то ки гуфтугӯҳо бо ҷомеаи байналмилалӣ оғоз шаванд”. Вай инчунин гуфт, ки дар заминаи тасмими ифтитоҳи дафтари Толибон дар Қатар тавофуқе бо ҳукумати ин кишвар ва ҳам ҷонибҳои дигар ба даст омадааст. Айни замон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ раиси бахши равобити байналмилалии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Исмоил Қосимёр ишора кард, ки ҳукумати Афғонистон мухолифи таъсиси дафтари Толибон нест:

- Дар заминаи ташкили дафтари Толибон дар Қатар ихтилофи назар вуҷуд надорад, суроғаи онҳо мушаххас аст. Ин чиз барои пешбурди музокираҳо бо онҳо мусоидат мекунад.

Дар изҳороти Толибон инчунин гуфта мешавад, ки онҳо озодкунии аъзои ин ҷумбишро аз зиндони амрикоии Гуантанамо тақозо мекунанд.
XS
SM
MD
LG