Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатл бо нидои “Ту кофир!” дар расонаҳои ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хабари қатли Бобои барфӣ дар Душанбе дар шаби соли нав дар садҳо торнамо ва блогҳо дар саросари ҷаҳон, аз Ҳинду Чин гирифта то Аврупо ва аз Русия то Африқои Ҷанубӣ нашру бознашр шуд.

Аксари онҳо ба нақл аз Ройтерз навиштаанд, ки ин воқеа ангезаи маҳзабӣ доштааст. Хабарнигори Ройтерз дар Душанбе, Роман Кожевников, гуфтааст, ду манбаъ дар полиси Тоҷикистон инро тасдиқ кардаанд. Аммо ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, қатли Парвиз Давлатбеков, ки мехост, дар симои Боби барфӣ соли нави милодиро ба наздикони худ табрик гӯяд, ҷанбаи динӣ надоштааст.

Вале нашрияҳо менависанд, агар Давлатбеков дар тан чунин либос намедошт, шояд ҳадафи бадгӯӣ ва лауткӯб қарор намегирифт ва кушта намешуд. The Daily Caller, яке аз нашрияҳои бонфузузи чопи Вошингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида навишт, “фанатикҳои динӣ дар Душанбе Санта Клаусро куштанд.” Ба навиштаи Otago Daily Times, чопи Зелонди Нав, зиёда аз 30 нафар бо нидоҳои “Ту кофир!” ба Давлатбеков ҳамла кардаанд. Аксари сомонаҳои интернетӣ, ки дар сарлавҳаи доғи матолиби худ дар ин бора аз ибораҳои “тундравон” ё “фанатикҳои исломӣ” истифода кардаанд, зоҳиран, ин нукотро аз торнамои радиои The Voice of Russia ё Садои Русия гирифтаанд ва дар гоҳе маврид ба он хатти пайванд додаанд. Онҳо ибораи “Ту кофир”-ро айнан аз тоҷикӣ бо баргардони англисӣ нашр намудаанд.

Аммо торнамои Jihad Watch, ки дар Покистон нашр мешавад, ҳарчанд матни сомонаи армании News.am-ро бознашр намудааст, дар оғоз навиштааст, “ғалатфаҳмҳои ислом дар Осиёи Марказӣ бо нидоҳои “Кофир” шахсеро, ки либоси Санта Клаусро ба бар дошт, куштанд, аммо матбуоти маҳаллӣ бар ин аст, ки қатл ангезаи динӣ надоштааст.” Аммо ин ва нашрияҳои дигар дар поёни хабар ба он ишора мекунанд, ки дар арафаи соли нави милодӣ дар расонаҳои Тоҷикистон баҳси ҷашни Соли нав ҷараён дошта, муфтии Тоҷикистон ба мусулмонон машварат додааст, аз иди барояшон бегона парҳез кунанд.

Пас Бобои барфиро дар Душанбе кӣ кушт, пурсише дар миён мегузоранд, Eurasianet.org, Townhall.com ва Сhikago News Tribun. Бахши умдае аз матолиби расонаҳо баҳси зиёдеро миёни хонандагони онҳо ва ҳам фейсбукиён ба вуҷуд овардааст. Бархе менависанд, ин воқеа аломати афзоиши исломгароӣ дар ҷомеаи тоҷик ё бо роҳи нодуруст дар пеш гирифтани ин раванд аст. Бархи дигар ангезаи динии воқеаро рад мекунанд ва мегӯянд, агар ҳамлаварон сармаст буданд, чӣ гуна мешавад, онҳоро диндор номид. Савумиҳо пешниҳод кардаанд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ҷузъиёти ҳодисаро рӯшан кунанд ва ба ин пурсиш посух диҳанд, ки то куҷо дину мазҳаб дар ин воқеа нақш доштааст.
XS
SM
MD
LG