Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Венесуэла ва “Exxon Mobil” поён ёфт?


Як додгоҳи байналмилалӣ ҳукм кард, ки ҳукумати Венесуэла бояд ба ширкати “Exxon Mobil” тақрибан 908 миллион доллар ҷуброн бипардозад. Ширкати мазкур, ки дар Амрико сабти ном шудааст, рӯзи якшанбе гуфт, Утоқи байналмилалии тиҷорат ба натиҷа расидааст, ки ширкати давлатии Petroleos de Venezuela бар асоси қарордод аз ““Exxon Mobil” қарздор аст ва барои ин бояд тақрибан 908 миллион доллар ҷуброн бипардозад. Ҳукумати сотсиалистии Венесуэла ба раҳбарии Ҳуго Чавез, соли 2007 як майдони нафти мутааллиқ ба “Exxon Mobil” дар кишварашро миллӣ кард ва баҳси ду тараф дар ин замина шурӯъ шуд. Бино ба гузоришҳо, “Exxon Mobil” аввал аз ҳукумати Венесуэла тақрибан 10 миллиард доллар ҷуброн хостааст, вале Венесуэла танҳо 1 миллиард доллар пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG