Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се марзбони эронӣ дар хоки Покистон


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, нируҳои интизомии кишварашон се марзбони Эронро боздошт кардаанд, зеро онҳо аз марз гузаштаанд ва ба сӯи мошине оташ кушодаанд. Дар натиҷа як шаҳрванди Покистон кушта шудааст. Саид Аҳмад Ҷалилӣ-муовини комиссари ноҳияи Вашук гуфт, “ин се нафар барои рахна кардани марз ва куштори шаҳрванди Покистон дар хоки мо” ба зиндон интиқол дода шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ин се эронӣ ба маҳале бо номи Мазансар Машкайл расидаанд. Ин маҳал дар се километрии марзи Эрон дар дохили хоки Покистон қарор дорад. Ба кормандони сафорати Эрон дар Исломобод барои гирифтани тавзеҳот дастрасӣ пайдо нашудааст.
XS
SM
MD
LG