Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони араб хуруҷи нозиронро аз Сурия тақозо кард


Порламони кишварҳои арабӣ, ки аз 88 намоянда иборат аст, хостори хуруҷи фаврии нозирони кишварҳои Ҷомеаи Араб аз Сурия шудааст, зеро режими Башор Асад дар ҳузури ин нозирон ба куштори мухолифони худ идома медиҳад. Ҳоло тақрибан 100 нафар нозирони кишварҳои арабӣ бар вазъият дар Сурия назорат мебаранд. Алӣ Солим-раҳбари порламони арабӣ аз Кувайт гуфт, ҳузури нозирон дар Сурия таваҷҷуҳро аз “хушунатҳои ваҳшатбор”-и режими Башор Асад мунҳариф месозад. Бино ба маълумоти фаъолони ҳуқуқи башар, аз сешанбеи гузашта, яъне аз замони вуруди нозирон ба ин кишвар то ҳол тақрибан 150 нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG