Донишгоҳи исломии Русия дар Қазон бо донишгоҳи исломии Тоҷикистон ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо карданд. Ин ҳуҷҷат дар Қазон ба имзо расид. Бар асоси он акнун Қазон ва Душанбе барои таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ва устодони худро ба донишгоҳҳои исломии якдигар мефиристанд.