Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Қирғизистон савганд ёд кард


Бинои парлумони Қирғизистон
Бинои парлумони Қирғизистон

Ҳукумати нави Қирғизистон ба раҳбарии нахуствазир Омурбек Бабанов, имрӯз расман қасам ёд кард.

Баъди талотумҳои сиёсии тӯлонӣ ва низоъҳои қавмии соли гузашта, ҳукумати нави Қирғизистон кори зиёде дар пеш дорад, ки барои беҳбуди зиндагии мардум анҷом диҳад, ки шикояти онҳо аз вазъи имрӯза зиёд аст.

ШИКОЯТ АЗ ТАРКИБИ НАВИ ҲУКУМАТ

Аммо таркиби ҳукумати нави эътилофии Қирғизистон на ба ҳама писанд омадааст.

Бо қасам ёд кардани ҳукумати нави Қирғизистон дар бинои порлумон дар шаҳри Бишкек, марҳилаи нави сиёсие дар ин кишвар оғоз ёфт. Ҳукумати эътилофӣ, аввали ҳамин моҳ ташкил шуд ва аз намояндагони чаҳор ҳизб, Республика, Ҳизби Сотсиал- Демократ, Ору Номус ва Отамакон таркиб ёфтааст. Рӯзи шанбе Омурбек Бабанов, аз Ҳизби Республика нахуствазир интихоб шуд.

Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов
Бабанови 41-сола ва таҳсилдида дар Маскав, қавл дод, ки бо фасод ва ё коррупсияи фарогир дар Қирғизистон мубориза хоҳад бурд ва барои шукуфоии кишвараш саъй хоҳад кард. Аммо аз таркиби ҳукумати нав дар Қирғизистон ҳама қаноатманд нестанд.

Гурӯҳе аз коршиносону маҳофили сиёсӣ таъриф мекунанд, ки ҳукумат аз мутахассисони кордони қирғиз ташкил шудааст, аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, баръакс ин ҳукумат ба чеҳраҳои пешина такя кардааст, ки дар ҳукуматҳои пешинаи Қирғизистон соҳиби мақом буданд.

"КУҲНА"-ҲО ДАР ҲУКУМАТИ НАВ

Аз ҷумла Сарабек Тунаеви 63-сола вазири кишоварзӣ аз соли 1996 то соли 2001 дар аҳди Аксар Акаев, раиси ҷумҳури пешин муовини вазири кишоварзии Қирғизистон буд.

Оқилбек Ҷапаров, вазири молия дар аҳди раиси ҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев низ ҳамин вазифаро дошт.

Чунин намунаҳои дигар ҳам вуҷуд дорад ва аз ҳамин сабаб Ширин Айтматова, вакили мардумии Қирғизистон гуфтааст, ки ба нишони эътироз аз шомил накардани чеҳраҳои нав ба ҳукумат, аз эътилофи парлумонӣ хориҷ мешавад. Аммо ба гуфтаи баъзе аз коршиносон, вазоратҳо метавонанд, аз собиқаи корӣ дар ҳукуматҳои гузаштаи Қирғизистон баҳра бигиранд.

Азиз Исо, раҳбари Пажӯҳишгоҳи Бозори Озод дар Осиёи Марказӣ, қароргоҳаш дар Бишкек мегӯяд, ҳукумати нав назар ба ҳукуматҳои гузашта, ботаҷрибатар аст.

Одил Турдиқулов, фаъоли сиёсии қирғиз мегӯяд, солу ҷинси аъзои ҳукумат муҳим нест, муҳим таваҷҷӯҳи он ба ҳалли мушкилоти мардум аст, вале ӯ мегӯяд, аз ҳукумати феълӣ интизориҳои зиёд надорад: “Вазифаи аслии ҳукумат ҷалби занон ва ё ҷавонон нест. Ҳукумат бояд тараққихоҳ бошад. Ба хотири иҷрои ваъдаҳое, ки раиси ҷумҳури Отамбоев дар корзори интихоботиаш дод, онҳо ба як тим ниёз доранд. Ба фикри хусусии ман, аъзои ҳукумати нав истеъдод, майлу хоҳиш ва қудрати расидан ба он ҳадафҳоро надоранд.”

ТОҶИКЕ ДАР КУРСИИ ВАЗОРАТ

Равшан Собиров,тоҷиктабори Қирғизистон ва вазири ҳифзи иҷтимоӣ
Равшан Собиров,тоҷиктабори Қирғизистон ва вазири ҳифзи иҷтимоӣ
Равшан Собиров, тоҷири тоҷиктабори Қирғизистон вазири ҳифзи иҷтимоӣ таъйин шуд.

Аммо ба гуфтаи Турсунбек Охун, ваколатдори ҳуқуқи инсон, ҳукумати нав набояд бо ин иктифо мекард. Таври маълум, Қирғизистон дар таърихи хеш чанд дафъа шоҳиди муноқишаҳои қавмӣ шудааст ва аз ҷумла дар низоъи хунини соли гузашта миёни қирғизу узбакҳо дар ҷануби кишвар садҳо нафар, аксаран узбакҳо кушта шуданд.

Турсунбек Охун мегӯяд: “Дар Қирғизистон 80 аққалиятҳои қавмӣ зиндагӣ мекунанд ва дар байни онҳо русҳову ӯзбакҳо бузургтарин аққалиятҳо ҳастанд. Беҳтар мебуд, аз инҳо як намояндаӣ дар ҳукумат мегирифтанд.”

Омурбек Бабанов, нахуствазири Қирғизистон ин ҳафта бо дастури наваш дар сархати хабарҳои расонаҳои минтақа қарор гирифт. Ӯ аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ хост аз рухсативу сафарҳои солинавӣ ба хориҷ даст кашида ва аз пайи кори давлат шаванд.

Қирғизистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки соли гузашта аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми идораи парлумонӣ гузашт, дар минтақае, ки президентҳои кишварҳои дигараш даҳсолаҳо боз ҳукумат мекунанд.
XS
SM
MD
LG