Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда алайҳи як фаъоли мухолифини Озарбойҷон


Додгоҳи Озарбойҷон амр додааст, то як узви ҳизби мухолифро бо иттиҳоми таққалуби санад ва дуздии маблағи давлат барои се моҳ дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳ доранд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Зайнал Боқирзода, узви ҳизби Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон, ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё аз роҳи фиреб санади собиқадори Чернобилро ба даст оварда ва аз соли 1986 то кунун кӯмакпулӣ гирифтааст. Наздиконаш мегӯянд, ҳамаи ин иттиҳомот баҳонае барои ҷазо додан ба Зайнал Боқирзода аст, ки дар таъсиси бахши ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон дар вилояти Нахҷувон нақши зиёд доштааст. Дар сурати гунаҳкор донистани Зайнал Боқирзода ӯро метавонанд то 12 сол ба зиндон маҳкум кунанд.
XS
SM
MD
LG