Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти раҳбарони ИА. Баҳои сокинони Тоҷикистон


21 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон ба фаъолияти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баҳои манфӣ додаанд.

Сарфи назар аз он, ки аксуламали раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба бӯҳрони молии минтақаи гардиши евро мавриди интиқоди саросарӣ қарор гирифт, вале мардуми ба воя расидаи олам, дар маҷмӯъ, аз кори пешвоёни ин иттиҳодия қаноатманд ҳастанд.

Пажӯҳишгоҳи амрикоии Геллап (Gallup) бо ин суол, ки "Шумо то куҷо аз кори пешвоёни Иттиҳодияи Аврупо розиед?" ба сокинони 125 кишвари ҷаҳон муроҷиат кард. Беш аз чиҳил дарсади мардуми ба воя расидаи олам қаноатмандӣ ва 22 дарсад норизоиятии худро аз аксуламали раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро баён кардаанд.

Дар миёни ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ Қазоқистон назари аз ҳама мусбат доштааст. Дар ин ҷумҳурӣ, ки соли гузашта раҳбари даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) буд, 52 дарсади пурсидашудагон фаъолияти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро мусбат ва ҳамагӣ 4 дарсад манфӣ хондаанд.

Ҳамин гуна натиҷаи назархоҳӣ дар Туркманистон низ ба нафъи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо будааст. Дар Тоҷикистон 42 дарсади пурсидашудагон ба фаъолияти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баҳои мусбат ва 21 дарсад баҳои манфӣ додаанд. Вале 36 дарсади пурсидашудагони тоҷик аз посух ба ин суол худдорӣ варзидаанд.

Кишварҳо

Мусбат

Манфӣ

Худдорӣ кард

Қазоқистон

52%

4%

44%

Туркманистон

51%

20%

29%

Гурҷистон

49%

13%

38%

Молдова

48%

12%

39%

Арманистон

46%

24%

29%

Озарбойҷон

45%

17%

38%

Тоҷикистон

42%

21%

36%

Украина

42%

17%

41%

Узбакистон

39%

17%

44%

Беларус

31%

26%

44%

Қирғизистон

23%

21%

56%

Русия

22%

26%

53%


Дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин Қирғизистону Русия ба фаъолияти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баҳои пасттарин додаанд. Дар Қирғизистон ба фаъолияти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо 23 дарсад баҳои мусбат ва 21 дарсад баҳои манфӣ ва дар Русия 22 дарсад баҳои мусбат ва 26 дарсад баҳои манфӣ додаанд.

Пажӯҳишгоҳи амрикоии Геллап иброз доштааст, ки поинтарин баҳо ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро дар Афғонистон додаанд. Дар ин кишвар тахминан 25 дарсад шеваи кори раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро қаноатбахш хонда, тақрибан 66 дарсад аз фаъолияти пешвоёни ин иттиҳодия норизоиятӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG