Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Се ҳодисаи муҳими соли 2011 кадом буд?


Муҳимтарин ё хотирмонтарин ҳодисаи соли зиндагиятонро бинависед, то дигарон низ аз он бохабар шаванд.

Ҳар сол бо ҳаводиси неку бад, аммо асосан ҷанҷолбарангезаш дар саҳфаи таърих ва ҳамин тавр дар ёди мардум боқӣ мемонад.

Соли 2011 низ пур аз ҳаводиси мухталиф буд. Дар ин сол порлумони Тоҷикистон барои додани як порча “замини даъвоӣ” ба Чин ризоият дод. Қатли Мулло Абдулло ва аъзои гурӯҳи ӯ, ки дар нооромиҳои ду соли охир дар шарқи кишвар муттаҳам мешуданд, низ дар ҳамин сол иттифоқ афтод.

Ин соле буд, ки қонуни масъулияти волидайн тасвиб шуда, мавриди иҷро қарор гирифт ва Тоҷикистон аз 20-умин солгарди ҷашни истиқлолаш таҷлил кард. Соли 2011 бо баҳси миёни Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва хонаводаи рӯҳониён -- Тӯраҷонзодаҳо ба поёнаш наздик мешавад.

Вале ба суоли “се ҳодисаи муҳимтарин сол кадом буд?” бештари сокинони Душанбе аз ҳаёти худ ва хонаводаашон ёдоварӣ карданд. Барои бархе аз онҳо муҳимтарин ҳодисаи сол таваллуди набера ва ё фарзандашон будааст, барои гурӯҳе дигар иштирок дар озмуни “Овози тилоӣ”-ву дифои рисолаи илмияш.

Барои Шумо муҳимтарин ҳодисаи сол кадом буд? Хоҳишмандем, назари худро бинависед ва муҳимтарин ё хотирмонтарин ҳодисаи соли зиндагиятонро бо ҳама дар миён бигузоред.

Се ҳодисаи муҳими соли 2011 кадом буд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG