Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худрави "ИстиқлолТоҷвар" -- ихтирои соли 2011


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Модели мошин ё худрави "ИстиқлолТоҷвар" аз муҳимтарин ихтирооти ҷавонони тоҷик дар соли 2011 дониста мешавад.

Ин моделро Айёмиддини Хайриддин, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтироъ кардааст. Вай ният дорад, ки 11 адади дигар ин гуна худравро барои истифода дар шаҳри Душанбе омода бикунад.

Вале Айёмиддин мегӯяд, идомаи кори онҳо ба шароити хубу сармоягузорӣ ва ҳам мутахассисон бастагӣ дорад.

Афзун бар мошини "ИстиқлолТоҷвар" ихтирооти чашмрас дар соли 2011 дар бахши технология, мошинсозӣ ва интернет ин барномаи электронии луғати бисёрзабона, китобхонаи электронии GMS, дастгоҳи унверсалӣ-электронӣ ва дӯғкашаки электронӣ будааст.

Исфандиёр Раҳматов, ихтироъкори ҷавон дар бахши технологияи истеҳсолист, ки мегӯяд, аз ихтирои кардааш дар соли 2011 хушнуд аст ва барои ҷаҳонӣ шудани ихтироъҳояш талош мекунад. Ба таъкиди ҷаноби Раҳматов бояд дар ин замина ҳукумат ва вазорати маориф шароити хуберо фароҳам биоваранд.

Айёмиддини Хайриддин
Айёмиддини Хайриддин
Ӯ гуфт, "ҳозир дар ҳар як дақиқа ва ҳар як соат пешравиҳо зиёданд. Ман хоҳиш дорам, ки ҳукумат ва вазорати маорифи ҷумҳурӣ, агар бихоҳанд, ки аз ин ҳам ҷавонони мо дар илм пеш раванд, пас, бештар барои ҷалб кардани онҳо ба илм шароит муҳайё кунанд."

Ғафурҷон Ҳакимов, ноиби раиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, мегӯяд, тибқи барномаи рушди илми донишгоҳ, ки аз тарафи ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, барои омода намудани кадрҳои ҷавону боистеъдод таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода мешавад. Ҷаноби Ҳакимов бо ишора ба иштироки ҷавонони ихтироъкор дар озмунҳои ҷумҳуриявию байнулмилалӣ гуфт, аксари ихтирооти онҳо барои татбиқ гардидан аз тарафи маркази миллӣ-патентии иттилоотии ҷумҳурӣ иҷозат дода шудааст ва худи ихтироъкорони ҷавон соҳиби дипломи ин марказ гардидаанд.

Ҳарчанд ихтироъкорони ҷавони тоҷик бо дастовардҳои назаррас соли 2011-ро поён бурданд, аммо онҳо умед доранд, ки бо фароҳам шудани шароиту имконоти лозим ба корҳои шоиста ва арзанда дар соҳаи илму инноватсия дар соли нави милодӣ низ иқдом хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG