Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони пулис таҳти ҳимоят. Мухолифон чӣ?


Соҳибназарон мегӯянд, давлат дар баробари ҳимоят аз фарзандони пулис, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, бояд аз фарзандони размандагони собиқ мухолифини тоҷик ҳам пуштибонӣ бикунад.

"Сарбаландем бо падар,
Хурсандем мо бо падар.
Ӯ нигаҳдори хона,
Парвардигори хона,
Осоиши ҳоли мо,
Мӯҷиби иқболи мо.
Падар ҳасту мо ҳастем,
Бе падар куҷо ҳастем?"

Ин мисраъҳоро Комрони 12-сола эҷод кардааст, ки ҳамеша дар ҷашнҳои мактабиву телевизионҳо қироат мекунад. Комрон 4 соли пеш аз падар маҳрум шудааст.

Падари ӯ -- Ҳусейн Ёров, корманди милиса ҳангоми адои вазифаи давлатӣ ба ҳалокат расидааст ва аз ӯ, ба шумули Комрон боз ду писари дигар, яке 7-сола ва дигарӣ 5-сола боқӣ мондаанд.

Бунафша Ҳасанова, модари онҳо мегӯяд, писари хурдӣ ҳанӯз ширмак буд, ки падарашон фавтид: "Аз ҳама зиёд калониву дуюмӣ бештар барои падарашон месӯзанд. Бештар дуюмӣ мегӯяд, ки калон шавад, касби падарро интихоб хоҳад кард."

ФАРЗАНДИ МИЛИСАҲОЕ, КИ ҚУРБОН ШУДААНД...

Имсол Вазорати корҳои дохилӣ барои гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар арафаи Соли нави милодӣ барои фарзандони милисаҳои фавтида як маросими идона созмон дод. Шарофат Сайфиддинова, ҳамсари Абдураҳим Сайфиддинов, сарвари Раёсати давлатии бозрасии автомобилӣ дар Нуробод, ки соли 2005 аз сӯи мухолифини ҳукумат кушта шудааст, мегӯяд, ӯ ба танҳоӣ 5 фарзандашро тарбия мекунад ва то ба ҳол се нафари онҳоро оиладор кардааст.

Масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, кӯмак ба фарзандони милисаҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гаштаанд, аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон муназзам сурат мегирад. Маҳмад Шарифов, сарнозири шӯъбаи кадрҳои ВКД гуфт, дар ҳар ҷашн, аз ҷумла рӯзи милиса, Соли нав, Наврӯз, идҳои Рамазон ва Қурбон ба оилаҳои милисаҳои фавтида кӯмак расонида мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, фарзандони милисаҳои фавтида то синни 18 нафақаи падари худро дарёфт мекунанд, ки дар марзи 900 то 1,5 ҳазор сомонӣ аст. Ин нафақаро онҳо то синни 23-солагӣ ҳам хоҳанд гирифт, агар ба мактаби олӣ дохил шаванд. Ӯ афзуд, фарзандони милисаҳои фавтида ба Академияи милиса бидуни имтиҳон қабул мешаванд ва барои дохилшавӣ ба макотиби олии дигар имтиёз доранд.

"ПАЙРОҲАИ ПАДАР"

Дар даргириҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аз ҷониби размандагони мухолифи ҳукумат низ теъдоди бузурге ба ҳалокат расиданд. Соли равон пас аз кушта шудани ҷангсолори мухолифин Мулло Абдулло дар содии Рашт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати маҳаллӣ дастур дода буд, ки фарзандони ӯро таҳти ҳимояти худ бигиранд, то дар оянда аз пайроҳаи падар нараванд.

Мунаввара Зардакова, модари Ҳикматулло Азизов ва Шамъистон Сиддиқова, модари Неъмат Азизов
Мунаввара Зардакова, модари Ҳикматулло Азизов ва Шамъистон Сиддиқова, модари Неъмат Азизов
Шамъигул Наботова, муовини раиси ноҳияи Нуробод мегӯяд, дар тамоми мактабҳои ноҳия таблиғ шудааст, ки ба фарзандони размандагони собиқ муносибати хуб сурат гирад: "Ба наздикӣ, шахсан ба макотиби деҳот рафта будам ва ба бачаҳо таъкид кардам, ки ба иззати нафси онҳо нарасанд. Мулло Абдулло мутаваллиди ноҳияи Ваҳдат аст. Фарзандонаш он ҷоянд. Аммо ин ҷо, масалан, набераҳои Мулло Зайнулобиддинро, ки се духтаранд, бо таҳсил фаро гирифтем."

Модарони собиқ размандагони мухолифи ҳукумат мегӯянд, фарзандони писарони онҳо дар ҳоли ҳозир аз сӯи ҳукумат ҳимоят намебинанд. Мунаввара Зардакова, модари Ҳикматулло Азизов, размандаи боздоштшудаи собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик мегӯяд, фарзандони ӯ ва бародараш Қиёмиддинро наздиконаш бузург мекунанд: "Боз ҳамон хешу таборҳои занҳо ягон чӣ меорандашон. Ман як ду кулча карда меорам. 92 сомонӣ нафақа мегирам, ки як халта орд намешавад. Боз нафақахӯроне мисли ман кӯмак мекунанд аз нафақаашон."

Шамъистон Сиддиқова, модари Неъмат Азизов, фармондеҳи дигари мухолифини ҳукумат, ки соли 2009 кушта шуда буд, мегӯяд, аз писараш 9 фарзанд боқӣ мондаанд, ки бидуни саробон ба сар мебаранд ва таҳти фишори равонӣ қарор доранд: "Бачаи хурдии Неъматро кадоме дар роҳ дида гуфтааст, ки падари ин мурдааст. Бача хеста гириста-гириста ба хона омад."

"АФРОДИ РАНҶИДА АЗ САРНАВИШТ"

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ғамхории ҳукумат дар баробари фарзандони кормандони дар ҷанги дохилӣ фавтидаро иқдоми нек медонанд. Ба қавли онҳо, таҳти ҳимояти ҳукумат қарор доштани онҳо ба ояндаи онҳову давлат таъсири мусбат мерасонад.

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳукумат бояд барномаҳоеро ҳам барои пуштибонии фарзандони собиқ размандагон дошта бошад: "Мегӯянд, оҳанро дар гармияш бояд кӯфт. Хуб мешуд, фарзандони собиқ размандагони мухолифин, ки кушта шудаанд ва ё дар зиндонанд, низ ба таҳсил дар мактаб-интернатҳо ва дигар макотиби тахассусӣ фаро гирифта шаванд, то дар оянда ғамхории давлатро ҳис кунанд. Онҳое, ки бесаробон бузург мешаванд, метавонанд сар ба кӯчаҳои нодуруст зананд."

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, аз соли 1992 ба ин сӯ ҳудуди 1 ҳазору 800 корманди милиса дар ҷараёни ҷангҳои дохилӣ ва ҳам ноамниҳои се соли ахир дар шарқи Тоҷикистон фавтидаанд. Теъдоди муайяни размандагони фавтида ва ё боздоштшудаи мухолифи ҳукумат дар ин муддат дақиқ нест. Аммо аз ҳарду ҷониб ҳазорон фарзанд бесаробон мондаанд, ки ба қавли коршиносон, аз афроди ранҷида аз сарнавишт ва эҳтиёҷманд ба ғамхории ҳукумату ҷомеа маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG