Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Иноятов:"Дар марги Баҳромуддин даст надорам"


Як корманди пулис, ки бо ду тан аз ҳамкоронаш аз вазифа ронда шуданд, мегӯяд дар марги Б. Шодиев даст надорад.

Ин корманди пулис Алишер Иноятов дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ҳоло мунтазири судури фармони аз кор барканор шудан аст ва дар сурати ба дасташ расидани он, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд

...ПАС БАҲРОМУДДИНРО, КӢ БА ИН ҲОЛАТ РАСОНД?

Иноятов даст доштани худ дар марги Баҳромиддин Шодиевро рад кард ва гуфт: «Мо он нафарро овардем, аммо вай чӣ кор кард ва чӣ хел ин ҳодиса шуд мо намедонем. Чаро моро ин хел карданд, мо ҳайронем. Мо хабарҳои фаврӣ доштем нисбати Шодиев ва парвандаи фаврӣ ҳам. Панҷ далел доштем, сабт кардем ва як далели дигари ҷинояташ, ки солҳои пеш содир шуда буду ошкор нашуда буд, онро ҳам кушодем. Муфаттиш омад, имзо гузошта ӯро бурд. Вай аз сари мо соқит шуд. Дар он кор мо дигар дахолат надорем, вайро ба муфаттиш супоридем. Вай чӣ кор кард, мо набудем, вале дар сари мо бор карданд.»

Ҷаноби Иноятон мегӯяд, ки дар боздошти Баҳромиддин Шодиев иштирок доштааст, аммо нисбати ӯ ҳеҷ навъ шиканҷаро раво надидааст.

Дар ҳоле, ки Алишер Иноятов мегӯяд нисбати боздоштшуда ягон амалҳои ғайриқонуниро раво надидааст, аммо Тоҷиддин Шодиев - бародари Баҳромиддин, ки бародарашро то вопасин лаҳзаҳо дар беморхона нигоҳубин мекард, инро рад карда мегӯяд, то дами марг дасту пойи бародараш бо «наручник» ё завлонаҳои оҳанин дар рахти оҳанин баста будааст. Рӯзҳои аввал ҳарчанд, ки ҷароҳаташ вазнин буд ва ӯро ба таври сунъӣ нафас медоданд, аммо пулис аз болои сари ӯ дур намерафт ва ҳатто имкони аксбардорӣ ва сӯҳбат бо ӯро намедоданд.

ҲОДИСА АЗ ЗАБОНИ БАРОДАРИ БАҲРОМУДДИН...

Бародари Баҳромиддин мегӯяд, ки танҳо як аксашро тариқи телефон аксбардорӣ кардааст: «Баҳром гуфт, ки маро заданд ва дар барқ монданд, ман ҳатто шимамро тар кардам. Либосҳоямро ҳам иваз кардам, боз задан ва дар барқ гирифтанд. Ҳатто табибон, ки аз тарси пулис ошкор ҳарф намезананд, аммо дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки ин мавриди латтукӯби сахт қарор гирифтааст ва ҳатто табибони навбатдор мегӯянд, ки рӯзи овардан ба беморхона ҳам чандто задан дар пеши чашми дигарон. Ҳоло мо ташхиси тиббӣ кардем ва баъди 10 рӯз маълум мешавад. Мақомоти корҳои дохилӣ бидуни мо ташхиси тиббӣ гузарониданд. Вақте рӯзи 30-юм дар беморхона вафот кард, худам ба табибон гуфтам, ки ташхиси тиббӣ гузаронем. Табибон гуфтанд, ки ҳоло ҷасад гарм аст баъди 12 соат ташхиси тиббӣ мекунем. Мо ба хона омадем, ки баъди 2 соат аз Шӯъбаи корҳои дохилӣ занг заданд, ки биёед ҷасадатонро гиред, мо ташхис кардем.»

Баҳромиддин Шодиев, сокини 28-солаи пойтахт нимаи аввали моҳи октябри соли равон аз тарафи корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда буд. Баъди се рӯзи боздошт Шодиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Қаряи Боло оварданд ва баъди ду ҳафта вафот кард.

МУФАТТИШ ҲАМ НОРОЗӢ АСТ...

Абдураҳмон Додов муфатише, ки дар заминаи марги Баҳром Шодиев аз кор озод карда шудааст ба Озодӣ гуфт, ки «бо далели хунукназарӣ аз кор ронда шуданаш»-ро аз руйи қонун намедонад, зеро гумонбаршуда қасди фирор дошт: «Намедонам вай одам гурезад ӯро доштем, боз ин хунукназарӣ мешавад.»

Дар ҳоле ин се корманди пулиси мегӯянд, ки бо иттиҳом аз кор ронда шудаанд, вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, айни ҳол додситонӣ нисбати ин се нафар парванда боз карда ва дар сурати исбот шудани ҳолатҳои шиканҷа, онҳоро маҳкумият ба зиндон таҳдид мекунад.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба "Озодӣ" гуфтанд, ки ин се тан метавонанд амри аз кор озод шудани худро аз шӯъбаи кадрҳои вазорат дастрас кунанд. Дар қатори се тани аз кор ронда шуда, ҳамзамон се нафар корманди пулиси Шоҳмансур ҳам ҷазои интизомӣ гирифтаанд.

Бори аввал нест, ки ходимони пулис ба истифодаи шиканҷа алайҳи афроди боздоштшуда муттаҳам мешаванд. Аммо дар ҳоле, ки кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур қарори вазоратро ба чолиш кашидаанд, ҳамтоҳои онҳо дар идораи пулиси ноҳияи Сино, ки дар куштори Сафаралӣ Сангов, як сокини дигари пойтахт гунаҳкор дониста мешуданд, аз муроҷиъат ба додгоҳ худдорӣ карданд. Ин ду парванда таҳти назари созмонҳои ҳуқуқи башар қарор доранд ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мақомот талаб доранд, ки гунаҳкорони куштори афроди боздоштшударо беҷазо нагузоранд.
XS
SM
MD
LG