Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандагони урдугоҳи "Ашраф". Ҳаракат ба кадом сӯ?


Созмони Милал ва давлати Ироқ роҷеъ ба сарнавишти як гурӯҳи мухолифини Эрон созишнома имзо карданд.

Созмони Милали Муттаҳид ва давлати Ироқ роҷеъ ба сарнавишти як гурӯҳи мухолифини давлати Эрон мустақар дар шимол - шарқи Ироқ созишнома имзо кардаанд.

Ин муомила, ки дар қадами аввал ба як минтақаи ҳанӯз эълоннашуда кӯчондани урдугоҳи "Ашраф" ва истиқрори баъдии пайравони созмони “Муҷоҳидини халқи Эрон” дар берун аз Ироқро дар назар дорад, аз сӯи Амрико хуш истиқбол шуд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ин қарордодро “гоми муҳим дар роҳи ҳалли башардӯстонаи вазъи пешомада” дар атрофи урдугоҳи "Ашраф" номид. Клинтон гуфт, мақомоти сафорати Амрико дар Ироқ ба хотири назорати раванди кӯчонидан аз макони нави пайравони “Муҷоҳидини халқ”, “мунтазам ва доим” дидан хоҳанд кард.

Муомила байни СММ ва мақомоти Ироқ дар пасманзари фишорҳо барои бастани урдугоҳи “Ашраф” ҳосил шуд. Дар ин урдугоҳ ҳанӯз аз замони Саддом Ҳусейн ҳудуди 3400 эронии мухолифи низоми исломии Эрон ба сар мебаранд. Дафтари кӯмакҳои СММ дар Ироқ мегӯяд, тибқи қарордод, Ироқ дар қадами аввал сокинони урдугоҳи "Ашраф"-ро ба як макони муваққат мекӯчонад ва сипас идораи паноҳандагони СММ дар пайи таъмини мақоми паноҳандагӣ ва пайдо кардани як макони доимӣ барои аҳли ин урдугоҳ дар хориҷ аз Ироқ хоҳад шуд. СММ аллакай аз кишварҳои узваш хостааст, то ин афродро ба унвони паноҳанда бипазиранд.

Комил Амин, сухангӯи вазорати ҳуқуқи башари Ироқ гуфт, Бағдод хостори ҳалли сулҳомези ин буҳрон мебошад: “Кишварҳои зиёди Аврупо дар мавриди сокинони "Ашраф" дидгоҳи шадидеро гирифтаанд, ки дур аз ҳақиқат аст. Онҳо мустақиман бо сокинони урдугоҳ тамос мегирифтанд ва маълумоти дурӯғе ба дасти онҳо меомад, ки гӯё ин мардумро таҳдид мекунанд ва ҳуқуқи онҳо аз сӯи давлати Ироқ поймол мешавад. Акнун, баъди тасвиби қарордод бо СММ, ман мутмаинам, ки ин масъала ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Давлати Ироқ мехоҳад мавзӯъро сулҳомез, бидуни нақзи ҳуқуқи сокинони урдугоҳ ҳал кунад.”

Диктатори собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн дар солҳои 80, дар даврони ҷанги Ироқу Эрон баъди паноҳ додан ба чирикҳои “Муҷоҳидини халқ” ба таъсиси урдугоҳи “Ашраф” иҷозат дода буд. Эрон аммо ин гурӯҳро созмони террористӣ мешиносад.

Масъулияти таъмини амнияти урдугоҳи "Ашраф" 2 сол пеш аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба мақомоти Ироқ вогузор шуд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҷараёни як амалиёти нерӯҳои Ироқ дар ин урдугоҳ, беш аз 30 нафар кушта шуданд ва ин қазия масъалаи сарнавишти аҳли урдугоҳро ба ҳассосияти бештаре рӯбарӯ кард.

Давлати Ироқ батакрор мегуфт, ки хостори дар хокаш будани ин гурӯҳи мухолифи давлати Эрон нест. Бағдод қаблан талаб дошт, ки урдугоҳи “Муҷоҳидини халқи Эрон” то 31-уми декабр баста шавад, вале сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ ахиран замони ин зарбулаҷалро то соли 2012 тамдид кард.
XS
SM
MD
LG