Сарвазири Покистон гузоришҳои матбуоти маҳаллӣ дар бораи қасди ӯ ба барканории раҳбарони пурнуфузи артиш ва идораи иктишофиро радд кард. Юсуфризо Гелонӣ гузоришҳо дар бораи нақшаи барканории фармондеҳи артиш генерал Ашфақ Каёнӣ ва раҳбари ISI Аҳмад Шуҷоъпошоро “ҳарфи пӯч” номид. Ӯ гуфт, ки Каёнӣ тарафдори демократия аст ва ӯ қасд надорад Каёниро дар байни ҷанг аз мақом бигирад. Замони раёсати Каёнӣ то соли 2013 тамдид шудааст, вале давраи раҳбарии Шуҷоъпошо моҳи март ба поён мерасад.