Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин ҳукми нави Удалтсовро маҳкум мекунанд


Сергей Удалтсов
Сергей Удалтсов
Мухолифини Русия ҳукми додгоҳро, ки як фаъоли мухолифро барои боз 10 рӯзи дигар равонаи зиндон кард, нангин хонда, маҳкум карданд. Сергей Удалтсов, раҳбари Ҷабҳаи чап, бояд рӯзи якшанбе баъди адои 15 рӯзи зиндон раҳо мешуд. Ӯ дар раҳпаймоии алайҳи тақаллуби оро дар интихоботи рӯзи 4 декабр боздошт шуда буд. Удалтсов дар зиндон гуруснанишинӣ ҳам кард. Шоми дирӯз додгоҳи Маскав ӯро бо ҷурми муқовимат ба пулис дар тазоҳуроти рӯзи 24 октябр барои боз 10 рӯз маҳкум ба ҳабс кард. Ин ҳукм ҳамагӣ як рӯз баъд аз тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Русия бо талаби интихоботи ҷадиди одилона ва хатми раёсати сарвазир Владимир Путин содир шуд.
XS
SM
MD
LG