Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3,9 миллиард $ шудааст


Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Аммо таносуби байни содироту воридот шадидан манфӣ боқӣ монда, Тоҷикистон дар ин 11 моҳ аз хориҷ ба маблағи 2,8 миллиард доллар мол ворид карда, худ ҳамагӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар мол содир кардааст. Бино ба омори расмӣ, Русия бо 950 миллион доллар кишвари асосии воридкунандаи мол ба Тоҷикистон маҳсуб шуда, Душанбе бештар аз ҳама – ба маблағи 491 миллион доллар - ба Туркия мол фурӯхтааст.
XS
SM
MD
LG