Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният ҳамла дар Сурияро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо судури баёнияе бомбгузориҳои интиҳории маргбори рӯзи ҷумъа дар Димишқ пойтахти Сурияро маҳкум кард. Маргталабон бо тарконидани мошинҳои бомбгузоришудаи худ, дар ин шаҳр 44 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ кардан. Дар ин баёния Шӯрои Амният танҳо ба хонаводаҳои қурбониёни фоҷиа ва на ба ҳукумати Сурия, изҳори тассалият кардааст, чун кишварҳои ғарбӣ ҳукуматро ба саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ муттаҳам мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз моҳи март аз замони шурӯъи тазоҳуроти зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар ҷараёни саркӯби ин эътирозҳо 5 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG