Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 30 нафар дар таркишҳои Димишқ


Бар асари ду таркиши маргталабона дар Димишқ, пойтахти Сурия, беш аз 30 нафар кушта ва 55 тани дигар захмӣ шуданд. Ба иттилои расмӣ, маргталабҳо ду мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори биноҳои хадамоти амният ва кашфи кишвар инфиҷор намуданд. Телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки ҳамлаи террористиро шабакаи “Ал-Қоида” анҷом додаст.

Таркишҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки Димишқ ба вуруди нозирони нозирони Лигаи кишварҳои араб омодагӣ мегирад. Ин ҳайат дар чаҳорчӯби тарҳи Лига барои қатъи хунрезӣ дар Сурия фаъолият хоҳад намуд. Вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим изҳори умедворӣ кард, ки нозирон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ташкил шудани бенизомиву кушторҳо дар кишварро тайид мекунанд.

Ба иттилои СММ, аз моҳи март ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дасти кам 5 ҳазор суриягиҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG