Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳо дар Бағдод: 57 кушта ва 170 маҷрӯҳ


Дар пайи даҳ инфиҷоре, ки дар Бағдод рух дод, камаш чиҳил нафар куштаву ҳудуди 150 тан маҷрӯҳ шудаанд.

Сухангӯи вазорати беҳдошти Ироқ гуфтааст, ки дар бомбгузориҳои имрӯз, 22-юми декабр, дар Бағдод камаш 57 нафар кушта шудаанд.

Имрӯз дар қисматҳои гуногуни пойтахти Ироқ бештар аз 10 инфиҷор рух дод. Аз оғози муноқишаҳои сиёсии миёни сунниҳо ва шиаҳо зоҳиран бори аввал ин гуна инфиҷорҳои ҳамоҳангшуда дар Бағдод анҷом мегирад.

Сухангӯи вазорати беҳдошти Ироқ ҳамчунин хабар дод, ки дар инфиҷорҳои рӯзи панҷшанбе 170 нафар маҷрӯҳ шудаанд. То ҳол рӯшан нест, ки дар паси ин инфиҷорҳо чӣ нерӯҳое қарор доранд.

Бағдод: Чиҳил кушта ва 150 маҷрӯҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00
Линки мустақим

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG