Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ҳам диктаторҳои дигар месозем?


Шаҳзодаи Самарқандӣ, хабарнигор ва блогнависи тоҷик
Шаҳзодаи Самарқандӣ, хабарнигор ва блогнависи тоҷик

Ин рӯзҳо мутмаинам, ҳамаи он ҳамватаноне, ки дар даврони Шӯравӣ ба сар бурдаанд, аз дидани саҳнаи марги раҳбари Кореяи Шимолӣ дучори дугонагии амиқанд.

Ин саҳнаҳо барои мо ошност. Ҳатто мое, ки на даврони Ленин зинда будем ва на дар даврони Сталин, аммо аз марги онҳо нороҳат будему афсӯс мехӯрдем. Афсӯс мехӯрдем, ки дар он даврони шукуфоӣ барҳаёт набудем. Дер ба дунё омадем.

Ёдам ҳаст, вақте ҳатто филме аз марги Ленин ва Сталин медидам, аз андӯҳ ва ғами мардум гиря ба чашмонам мечархид.

Мо ҳам аз мардуми Кореяи Шимолӣ фарқе надорем ва аз марги диктаторҳои худ нороҳат мешавем ва боз бо сахтӣ ва гирифториҳои зиёд нафари баъдиро тарбият мекунем, то вақте ҳарф мезанад, битарсем ва мисли Худо бипарастем.

Мо мардуми меҳрнадида ва осоиштагиро нашнохта ҳастем ва аз ин ҷост, ки дар ҳукумати сиёсатмадоре нармхӯ хоби роҳат нахоҳем дошт. Мо одат дорем, ки зӯр болои сарамон бошад. Мо одат дорем, ки таҳқир шавем ва сар ба зер дошта бошем, вагарна эҳсоси оромиш нахоҳем дошт.

Мо аз ин, ки мавҷи диктаторӣ дар мантақа рӯ ба коҳиш аст, метарсем ва нигарон ҳастем, ки чӣ кор хоҳем кард, вақте мардони худогунаи мо бимиранд.

Аммо вақте ҳамаи диктаторҳои мо мемиранд, боз мавҷи дигаре аз сиёсатмадороне хоҳанд омад, ки бо мизони раҳбарони қадимӣ санҷида мешаванд. Дақиқан мисли ин ки раҳбарони имрӯзро бо раҳбарони даҳсолаҳои пеш муқоиса мекунем ва натиҷаи мусоиде ба даст намеорем.

Дақиқан мисли ин, ки аз фурӯпошии Шӯравӣ амиқан таассуф мехӯрем ва неъматҳои имрӯзро намебинем.

Мо то худ тағйир накунем, шароити зисту зиндагии мо тағйир нахоҳад кард. Роҳи ҳалли раҳоӣ аз диктаторӣ марги диктаторҳои мавҷуд нест, балки тағйири так-таки мост, ки дигар болои сари худ диктаторҳои хурду бузург насозем, то баъд аз дасташон нола кунем ва ҳарчи бадбахтӣ ҳаст, тақсири онон донем.

Инро тамоми ҷаҳон фаҳмидааст, ба ҷуз аз мардуми диктаторпарвари мо, ки бадбахтона теъдодашон ҳам кам нест...

Баргирифта аз блоги Шаҳзодаи Самарқандӣ
XS
SM
MD
LG