Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bank of America барои табъйиз 335 миллион $ мепардозад


Яке аз бузургтарин бонкҳои Иёлоти Муттаҳида Bank of America барои ҳалли шикояти он ки намояндагони ақаллиятҳоро табъиз кардааст, бояд 335 миллион доллар пардохт кунад. Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида яке аз шӯъбаҳои бонкро ба он айбдор мешавад, ки барои беш аз 200 000 сиёҳпӯстон ва испанитаборони Амрико баҳраи аз меъёр зиёд таъйин кардааст. Сухангӯи Bank of America гуфт, бонк бино бар нажод қарз намедиҳад.
XS
SM
MD
LG