Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ сарбози НАТО дар Ғазнии Афғонистон


Бар асари таркиши бомби канори раҳ дар вилояти Ғазнӣ, воқеъ дар шарқи Афғонистон, панҷ низомии НАТО ба ҳалокат расиданд. Дар бораи ҳуввияти сарбозони кушташуда иттилоъ дода нашудааст. Аммо ба гуфтаи намояндаи ҷунбиши “Толибон”, ки масъулияти таркишро бар дӯш гирифтааст, сарбозони кушташуда шаҳрвандони Лаҳистонанд.

Аз ин пеш дар вилояти Хуст аз як ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи полис ҷилавгирӣ шуд. Ёқуб Хон, муовини раиси полиси маҳаллӣ гуфт, ки дар маркази вилоят кормандони полис сӯи як мусаллаҳи эҳтимолӣ оташ кушоданд ва ба думболи он таркиш рӯх дод. Дар таркиш маргталаби эҳтимолӣ кушта шуд, як нафари дигар ҷароҳат бардошт. Ҳадс зада мешавад, ки террорист танҳо набуд ва аз ин рӯ ҷустуҷӯи шарикони ӯро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG