Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони Лигаи араб вориди Сурия мешаванд


Лигаи араб иттилоъ дод, ки нозирони он рӯзи панҷшанбе вориди Сурия мешаванд. Қарор аст, онҳо вазъиятро ба мушоҳида гиранд ва ба Лигаи араб гузориш диҳанд. Пештар Сурия ба ҳузури нозирон дар қаламраваш иҷоза намедод. Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал қатъномаи пешниҳодии Русияро баррасӣ мекунад ва гуфтааст, аз оғози саркӯби мухолифон дар Сурия дар моҳи март то ҳоло ба камияш 5000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG