Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон торнамоҳои давлатияшро ба дохили кишвар "кӯч" дод


Ноиби вазири мухобироти Эрон Алӣ Ҳаким Ҷаводӣ мегӯяд, кившараш барои ҳифзи торнамоҳои ҳукуматӣ аз ҳамлаи интернетӣ аксари онҳоро аз хориҷ ба дохили кившар кӯчондааст. Ин манбаъ ба хабаргузории расмии Эрон ИРНА гуфтааст, вазорат ва идораҳои давлатии Эрон зиёда аз 30 000 сомонаи интернетӣ доранд, ки ҳоло 90 дарсади онҳо ба дохили Эрон кӯчонида шуданд. Қаблан ин торнамоҳо дар пойгоҳҳои интернетии Шимоли Амрико нигаҳдорӣ мешуданд. Ҷаводӣ ин иқдомро роҳи ҳимоят аз иттилои давлатии Эрон номид.
XS
SM
MD
LG