Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи Васлав Ҳавел, дигарандеши маъруф


Мардуми Ҷумҳурии Чех ёди Васлав Ҳавел, раиси ҷумҳур ва дигарандеши собиқ ва драмматургро, гиромӣ медоранд, ки дар синни 75-солагӣ даргузашт. Дар пойтахт шаҳри Прага ва дигар шаҳрҳои кишвар мардум ба хотири ӯ шамъ рӯшан мекунанд ва гул мегузоранд. Васлав Ҳавел, пешвои “Инқилоби махмалин”-и соли 1989 буд, ки ба низоми комуннистӣ дар Чехословакияи собиқ хотима дод ва баъдан нахустин раиси ҷумҳури Чехословакияи демократӣ ва Ҷумҳурии Чех буд. Васлав Клаус, раиси ҷумҳури феълӣ ва рақиби собиқи Васлав Ҳавел, ӯро “рамзи даврони нав дар Ҷумҳурии Чех” хонд. Аз саросари ҷаҳон барои марги ӯ изҳори тассалият мекунанд. Қарор аст, Васлав Ҳавелро рӯзи ҷумъа дафн кунанд.
XS
SM
MD
LG