Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти В. Ҳавел, рӯшанфикр ва ғолиби режими коммунист


Ватслав Ҳавел дар манзилаш, 21-уми октябри соли 2009.
Ватслав Ҳавел дар манзилаш, 21-уми октябри соли 2009.

Дигарандеш, драмнавис, раҳбари "инқилоби махмалӣ" ва президенти пешини Ҷумҳурии Чех дар синни 75-солагӣ фавтид.

Дар замони ҳокимияти коммунистӣ дар Чехословакия драмаҳои Ватслав Ҳавел мамнӯъ буданд. Ӯ барои дигарандешӣ ва муқовиматаш бо режим панҷ солро дар маҳбас ба сар бурдааст.

Дар соли 1989 сарварии "инқилоби махмалӣ"-ро бар дӯш гирифт ва се сол баъдаш дар интихобот пирӯз гашта, охирин раисиҷумҳури Чехословакия ва нахустин президенти ҷумҳурии нав ва соҳибистиқлоли Чех шуд.

Машаққати маҳбас ва ҳамчунин сигоркашӣ баъдҳо саломати Ҳавелро ба мушкил мувоҷеҳ кард. Аммо ӯ фаъолияташро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва демократия то охирин нафас идома дод.

ҲАВЕЛ ВА ТОҶИКИСТОН

Даргузашти Ватслав Ҳавел, ки номи ӯ бо “озодихоҳӣ” ва “мубориза бо режими коммунист” сахт пайванд аст, дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик, мегӯяд, Ватслав Ҳавелро дар оғоз ҳамчун нависанда ва драмнавис мешинохт, ҳарчанд талошҳояш Ҳавелро ба як муборизу озодихоҳ табдил дода буд. Хонум Гулрухсор мегӯяд, “ин аст, ки сарчашмаи озодихоҳӣ ва муборизаҳои Ватслав Ҳавелро пеш аз ҳама бояд дар осори ӯ ҷустуҷӯ кард.”

Ойниҳол Бобоназарва, аз фаъолони пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва раҳбари созмони “Перспектива +” мегӯяд, хабари даргузашти Ҳавел ӯро ба ёди давроне бурдааст, ки як гурӯҳ барои истиқлол ва озодии худ аз чанголи режими коммунистӣ талош мекарданд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ватслав Ҳавел собит кард, режими нерӯмандеро чун низоми комунистӣ низ метавон шикаст дод.

“Умуман шахсе буд, ки барои дигар ҷумҳуриҳо намунаи ибрат буд. Мардум фаҳмиданд, ки мубориза метавонад ба режиме, ки ниҳоят сахт буд, ғалаба кунад. Он вақт аз радиоҳои хориҷӣ шунида будам, ҳатто нафароне буданд, ки ин чизро бисёр дастгирӣ мекарданд. Аз ҷумла, диссидентҳои рус ба мисли Сахаров. Ман ва дӯстонам вақте шунидем, ки Ҳавел фавтидааст, аз ӯ ва дигар муборизон ёдоварӣ кардем”,-гуфт хонум Бобоназарова.

РӮШАНФИКРИ РАҲГУМЗАДА?

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Ватслав Ҳавел худро “рӯшанфикри раҳгумзада” меномид, вале бисёриҳо ӯро виҷдони миллат мешумурданд.

Вай дар лаҳзаи сарнавиштсози мардуми худ ба майдон баромад ва ба издиҳоме иборат аз 300 000 нафар хитоб кард: “Мо зиндагии озод мехоҳем! Мо Чехословакияи демократӣ ва шукуфонро мехоҳем. Мо мехоҳем ба Аврупо баргардем ва ҳаргиз, қатъи назар, ки дар рӯзҳои оянда чӣ чиз иттифоқ меафтад, аз ормонҳои худ нахоҳем гузашт.”

Ин 23-юми ноябри соли 1989 буд. Шаш рӯз пешаш Инқилоби махмалии Чехословакия сар шуда, полис тазоҳуроти осоиштаи донишҷӯёнро бо хушунат пароканда карда буд. Дар натиҷа садҳо ҳазор чех ва словакҳо ба хиёбонҳо рехтанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим


То поёни он сол Ҳавел раисиҷумҳури Чехословакия интихоб шуд. Панҷ даҳаи коммунизм дар ин ҷо ба поён расид. Вай ваъда дод, ки эътимоди интихобкунандагонашро аз даст нахоҳад дод ва онҳоро аз хештан дилсард нахоҳад кард.

Ватслав Ҳавел 5-уми октябри соли 1936 дар хонадони шахси бонуфузе ба дунё омад. Коммунистон, ки дар натиҷаи як табаддулот дар соли 1948 ба қудрат расиданд, бахши умдае аз моликияти ин оиларо мусодира карданд ва таҳсили олиро барои Ҳавел мамнӯъ гардонданд.


Пас аз хидмати ҳарбӣ вай ба театр ҷалб шуд. Аввал ҳамчун коргари саҳна ва сипас, дар соли 1960 нахустин дарамаҳои худро навишт, ки тазодҳои ҳаёт дар зери режими коммунистиро тасвир мекарданд.

Сипас, дар соли 1986, вақте ки нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои шикаст додани ҷунбиши Баҳори Прага Чехословакияро ишғол намуданд, намоишномаҳои Ҳавел мамнӯъ шуданд ва ӯ зери пайгарди шадиди полис қарор гирифт.

Ҳавел дар соли 1976 ҳаммуаллифи “Хартияи 77” – хитоб ба ҳукумати коммунист шуд, ки дар он ба эҳтироми ҳаққи инсон даъват мешуд. Онҳое, ки ин номаро имзо карданд, муҷозот шуданд. Ҳавел барои сеюним сол зиндонӣ гашт.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00
Линки мустақим


“Хартияи 77” дар таҳрик ва густариши ҷунбиши мухолифат дар Чехословакия нақши умда бозид. Дар соли 1989 кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки узви эътилофи Шӯравӣ буданд, дар садади дигаргуниҳои куллӣ буданд. Моҳи сентябри он сол ҳазорон нафар аз Олмони Шарқӣ ба пойтахти чех меомаданд, то роҳи фирор ба Ғарбро пайдо кунанд. Ду моҳ баъдаш Девори Берлин фурӯ афтод.

ПЕШВОИ ИНҚИЛОБИ МАХМАЛӢ

17-уми ноябр полис тазоҳуроти донишҷӯёнро дар Прага пароканда кард. Хушунати полис мавҷи таваҷҷӯҳи омро ба норозиён бедор кард, ки дертар “Инқилоби махмалӣ” ном гирифт. Ҳавел ҳамчун яке аз бунёдгузорони мухолифати шаҳрвандии “Форум” ба чеҳраи пешгоми ин инқилоб табдил ёфт. Дар ҳоле ки режими коммунистӣ бо суръат фурӯ мепошид, Ҳавел дар рӯзи 10-уми декабр – Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи башар маъракаи интихоботии худро сар кард. Вай он вақт гуфт: “Биёед, ба ҳеҷ кас роҳ надиҳем, ки чеҳраи зебои инқилоби моро доғдор кунад. Ҳақиқат ва муҳаббат бояд бар дурӯғ ва нафрат пирӯз шаванд.”

Ҳавел 29-уми декабри соли 1989 раисиҷумҳур интихоб шуд, дар камтар аз шаш ҳафта баъд аз аввалин тазоҳурот ва даъват ба дигаргунӣ. Пас аз интихоби дуборааш дар соли 1990, Ҳавел вақт ва нерӯи зиёде ба харҷ дод, то федерасюни Чехословакияро аз талабҳои мухторияти миллатгароёни словак ҳифз кунад. Вай ноком гашт ва дар соли 1992 истеъфо дод. Вале пас аз “Талоқи махмалӣ”-и Чехословакия дигарбора дар соли 1993 ва баъд аз он дар соли 1998 президенти Ҷумҳурии Чех интихоб гашт.

То истеъфои охирини Ҳавел дар соли 2003 Ҷумҳурии Чех узви НАТО ва наздиктарин номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупо буд.

Ватслав Ҳавел дар бораи Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00
Линки мустақим

Дар солҳои охир Ҳавел мушкили саломатӣ дошт. Дар соли 1996, вақте ҳамсари аввалаш Олга аз саратони шуш фавтид, пизишкон шуши Ҳавелро ҷарроҳӣ карданд ва омоси саратониро буриданд. Ду сол баъдаш ӯ пас аз ҷарроҳии рӯдаи дувоздаҳангушта қариб мефавтид.

Вай аз мақоми раҳбарӣ рафт, аммо ба ҳайси вакили қатъии ҳуқуқи инсон ва демократия дар кишварҳое чун Куба, Русия, Чин ва Беларус боқӣ монд. Дар тамоми зиндагияш Ҳавел гуфтааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пояи ҳақиқат ва инсондӯстӣ сохта мешавад.

Ҳавел мисли дояе кишвари худро дар давраи сангини гузариш ба демократия саробонӣ кард, онро аз бемориҳои давраи кӯдакӣ ҳифз намуд ва мардуми худро ба хонадони кишварҳои Ғарб бозгардонд.

Ба эҳтимоли зиёд, ҳамватанонаш ва ҷаҳон ин хидмати ӯро дар ёд хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG