Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Шоҳмансур. Интихоботе "сокит"-у бе ҳаёҳӯй


КМИР-и Тоҷикистон интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ҳавзаи "Шоҳмансур-3"-ро баргузоршуда эълон кард.

Интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” аз субҳи барвақт хеле орому сокит ва бо ширкати камшумори мардум сурат гирифт.

То нимаи аввали рӯз мо тавонистем, ду бор ба минтақаҳои раъйи ин ҳавза равем ва аз ҷараёни раъйдиҳии мардум огоҳ шавем. Вале овоздиҳандаҳо хеле кам дар минтақаҳои раъй дида мешуданд.

Ширкати ғайрифаъоли овоздиҳандаҳоро нозирони ҳизбҳо тасдиқ мекарданд ва мегуфтанд, ки шояд ҳавои сарди зимистон боиси кам омадани мардум шуда бошад. Як нозири Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, омодагӣ барои баргузории интихобот ҳеҷ камбуд надорад, ба ҷуз ин ки теъдоди ками раъйдиҳандаҳо ба овоздиҳӣ меоянд.

Ӯ гуфт, “дар ҷараёни интихобот ҳеҷ мушкил, фишор ё дахолате мушоҳида нашудааст, танҳо ин ки мардум кам омаданд. Сабабашро феълан ҳавои сард мегӯянд, вале рӯшан нест, ки сабаби аслӣ чист.”

Нозирони ҳизбҳои дигар, аз ҷумла Ҳизби халқӣ-демократӣ ва сотсиалистӣ низ ширкати камшумори мардумро таъйид карданд. Меликмурод Хоҷаев, нозири Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ба утоқҳои раъй, ки холӣ буданд ишора намуда, гуфт, овоздиҳандаҳо хеле кам меоянд.

Бо вуҷуди он ки нозирон ба ҳузури ками раъйдиҳандаҳоро ишора мекарданд, раиси ҳавзаи “Шоҳмансур” Абдулло Холиқов гуфт, то нисфирӯзӣ беш аз 42 дарсади мардум овоз додаанд. Вай гуфт, дар интихобот мардум ширкати фаъолона доранд.

Ҷаноби Холиқов гуфт, “то соати 12 омадани мардум ба минтақаҳои раъйдиҳӣ беҳтар шуд ва 42 дарсади мардум то нимаи аввали рӯз овоз доданд, ки ин ширкати фаъоли мардумро нишон медиҳад. Дар ҳавзаи мо, яъне ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансур дорои беш аз 70 ҳазор афроди қобили раъй мебошад.”

Коршиноси мустақил Беҳзоди Исомиддин, ки дар минтақаҳои раъй ҷараёни интихоботро назорат кардааст, мегӯяд, сабаби ширкати андаки мардум на сарди ҳаво, балки беэътимодии онҳо ба натиҷаи интихобот мебошад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00
Линки мустақим


Тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон агар теъдоди раъй аз 50 дарсад боло бошад, интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад.

​Дар ин интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” чаҳор номзад -- Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ, Сӯҳроб Оймаҳмадов номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва довталаби мустақил Абдуқаҳҳор Турсунов, муовини раиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд.

Қитъаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур-3
Қитъаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур-3
Ин ҳизбҳое, ки намояндагони худро дар муқобили Сӯҳроб Шарифов пешниҳод кардаанд, аслан ҳаводорони Ҳизби халқӣ-демократӣ дониста мешаванд. Ҳизбҳои дигар ба мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо назардошти “беадолатӣ” ва “тақаллубкориҳо” дар ҷараёни интихобот зарур нашуморидаанд, ки вориди ин корзори интихоботӣ бишаванд. Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон ин интихоботи миёндавриро дар як баёнияи худ бойкот эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG