Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зоиров: "Интихоботҳои ояндаро таҳрим кунед!"


Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз азҳоби сиёсӣ ва мардуми кишвар хостааст, ки интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансурро таҳрим кунанд.

Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Шоҳмансур-3 қарор аст, рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ доир шавад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар муроҷиати худ гуфтааст, кумиссюнҳои қитъавии интихоботӣ амалан ҳалкунандаи тақдири интихобот мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба манфиати Ҳизби халқӣ-демократӣ ташкил карда мешаванд, ки ин асоси тақаллубкорӣ дар интихобот, тағйир додани иродаи мардум, забти ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ҲХДТ мебошад.

Ба бовари масъулини ҲСДТ интихоботи солҳои гузашта ин ҳолатро пурра собит намудаанд. ҲСДТ дар муроҷиати худ гуфтааст, то ин ҳолат ислоҳ нашавад ва намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба узвияти кумиссюнҳои қитъавӣ ворид нашаванд, дар Тоҷикистон интихоботи шаффоф ва одилона баргузор намегардад.

То ду рӯзи дигар, яъне 3 ноябр муҳлати муаррифӣ ё пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Шоҳмансур поён меёбад, аммо то ҳол ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ ва ё довталабони мустақил омодагии худро барои ширкат дар ин интихобот изҳор накардааст.

Ҳамин тавр, ҲСДТ нахустин ҳизби сиёсӣ аст, ки мавқеи худро дар бораи интихоботи миёндаври Шоҳмансур иброз мекунад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, муҳимтарин ташаккули сиёсии мухолифи давлат гуфтааст, дар ин маврид рузи 2 ноябр тасмим хоҳад гирифт. Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, Раҳматулло Зоиров, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз пешниҳоди таҳрими интихобот ҷонибдорӣ мекунад.

Гуфтанист, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Шоҳмансур Сафаралӣ Раҷабов буд, ки рӯзи 5-уми октябр ба сурти ногаҳонӣ вафот кард.

Коршиносон мегӯянд, интихоботи соли гузаштаи порлумонӣ ва интихоботи чор моҳи пеши миёндаврӣ дар ҳавзаи Сино, ки мухолифон ва номзадҳои мустақилро ба шиддат норозӣ гузошт, дили аҳзоб ва шахсиятҳоии мустақил аз рафтан ба корзори интихоботиро сард кардааст. Ва аксари аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ рафтан ва ширкат дар интихоботро зоеи вақт ва беҳуда медонанд.

Вале боз мегӯянд коршиносон, имкон дорад, ки фардо дар сурати худдории аҳзоби мухолиф аз ширкат дар интихобот, Ҳизби халқӣ-демократӣ намояндагони ду ҳизби ҷонибдори давлат, яъне Ҳизби аграрӣ ва ё Ҳизби ислоҳоти ииқтисодиро маҷбур ба ширкат дар интихобот кунад, то интихобот берақиб сурат нагирад. Тавре дар интихоботи чор моҳи пеш дар ҳавзаи Сино сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG