Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷои Сафаралӣ Раҷабов кӣ вакил мешавад?


Кумиссюни марказии интихобот гуфт, ки рӯзи 18 декабр интихоботи миёндаврӣ баргузор хоҳад шуд.

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ дар ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур 3 интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад.

Марҳум Сафаралӣ Раҷабов
Марҳум Сафаралӣ Раҷабов
Ҳавзае, ки қаблан Сафаралӣ Раҷабов аз он ҷо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд, вале ба далели марги бемаҳал рӯзи 12 октябр фаъолияти ӯ дар порлумон қатъ гардид. Акнун ҳар касе дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур 3 пирӯз мешавад, Сафаралӣ Раҷабовро дар Маҷлиси намояндагон иваз хоҳад кард.

Бино ба қавли манобеи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кумиссюнҳои ҳавзавӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ ташкил шуда, пешбарии номзадҳо рӯзи 19 октябр оғоз ва то севуми ноябр идома хоҳад кард.

КМИР мегӯяд, интихобкунандагон дар ҳавзаю кумиссюни интихоботӣ рӯзи 18 декабри соли 2011 аз соати 6-и субҳ то ҳашти шом раъй медиҳанд. Натиҷаҳои ибтидоии интихобот рӯзи 19 декабри соли 2011 эълон хоҳанд шуд.

Ҷаласаи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон
Ҷаласаи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон
Дар як соли ахир ин дуввумин интихоботи миёндаврии порлумонӣ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт низ интихоботи миёндаврӣ баргузор шуд, ки дар он дабири пешини Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯзӣ ба даст овард.

Номзадии Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки қаблан вакили Маҷлиси намояндагон буду баъдан раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз кард.

Рақиби аслии ҷаноби Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода буд, ки ин интихоботро олуда бо тақаллуб хонд ва гуфт, ки натоиҷи онро намепазирад.

Овоздиҳии як кас ба ҷои чанд нафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG