Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холмуҳаммад Қосимов: Вазъ дар Жанаозен ором аст


Холмуҳаммад Қосимов, вазири умури дохилии Қазоқистон, изҳор намуд, ки авзоъ дар ҷанубу ғарби кишвар ором аст. Хабаргузории Интерфакс аз қавли вазир гуфтааст, ки "тазоҳурот дар шаҳри Жанаозен саркӯб шуда, вазъ дар шаҳр ба эътидол омадааст ва дар майдон касе нест".

Ҷаноби Қосимов изҳор намуд, ки бенизомиҳоро кормандони бар асари коршиканӣ ихроҷшудаи ширкати нафти "Озенмунайгаз" ташкил кардаанд. Дирӯз дар Жанаозен миёни онҳо ва кормандони полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Асҳат Доулбоев, Додситони кулли Қазоқистон, гуфт, ки "дар бенизомиҳои оммавӣ даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Маҷрӯҳон низ ҳастанд, аз ҷумла миёни кормандони полис." Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, бинои ҳукумати шаҳр, меҳмонсаро, идораи ширкати "Озенмунайгаз", чандин мошин сӯзонда ва банкоматҳо тороҷ шудаанд.

Ба Жанаозен теъдоди зиёди кормандони полис ва зиреҳпӯшҳо фиристода шуд. Кормандони полис ҳангоми саркӯбсозии тазоҳурот аз силоҳ ва гази ашковар истифода бурданд. 70 нафар бо гумони даст доштан дар ин ҳаводис боздошт шуданд.

Имрӯз мухолифини Қазоқистон талаб карданд, ки барои тафтиши пурра ва воқеъбинонаи ҳаводиси шаҳри Жанаозен комиссиюни махсус ташкил шавад. Онҳо ҳамчунин хостори қатъи муҳосираи иттилоии ҳаводиси Жанаозен ва эҳёи фаъолияти сомонаҳои интернетӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG