Иттиҳомот алайҳи оқои Ширак, ки сӯистифода аз дороиҳои давлат ва истифодаи ғайриқонунии қудрат ба манфиати шахсӣ иборат мебошанд, ба давраи кори вай ба ҳайси шаҳрдори Париж дар солҳои 1977 ва 1995 бармегардад.
Маҳкамаи ҷиноии Париж Жак Ширакро муттаҳам сохт, ки бо ташкили ҷойҳои корие, ки вуҷуд надошт, дар шаҳри Париж ва як шаҳри наздик ба он, ба аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки барои Широк маъракаи интихоботӣ пеш мебурданд, маош медод.
Маҳкама эълон кард, ки дар вақти ҳукм син, вазъи саломатӣ ва вазифаҳои қаблии Широк дар солҳои 1995 то соли 2007 ба назар гирифта шудааст. Оқои Широк, ки 79 сол умр дорад, ин иттиҳомро рад мекунад.
Раиси ҷумҳури қаблии Фаронса, ки ба гуфтаи табибон ба заъфи ҳофиза рӯбарӯ мебошад, дар ҷараёни эълони ҳукми додгоҳ ҳузур надошт. Вакили мудофеи вай изҳор дошт, ки ӯ акунун бо мувакилаш машварат мекунад, ки оё ин ҳукмро бипазиранд ва ё алайҳи он ба маҳкамаи болотаре шикоят бибаранд.
Вакили гурӯҳи мубориза бофасод дар Фаронса, ки алайҳи оқои Широк даъво карда буд, аз ин ҳукми додгоҳ изҳори ризоят кардааст.
Агар оқои Широк бо ин ҳукми додгоҳ қаноат кунад, як қазияи тӯлонӣ дар Фаронса хотима пайдо мекунад. Широк ҳамроҳ бо 9 ҳамкори дигари худ муттаҳам шуда буд, ки ду нафари онҳо бегуноҳ ва ҳафт нафар маҳкум шуданд.
Дар назархоҳиҳо дар Фаронса, Широк яке аз маҳбубтарин афроди ин кишвар мебошад. Ӯ дар ҷараёни раёсати ҷумҳурии худ, Фаронсаро дар эҷоди пули муштараки евро раҳбарӣ кард ва бо ҳамлаи Амрико алайҳи Ироқ бо шиддат мухолифат намуд.