Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Русия барои поёни хушунатҳо дар Сурия


Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Русия пешнависи қатъномае барои поён додан ба хунрезиҳо дар Сурияро дар ихтиёри Шӯрои Амнияти СММ гузошт.

Бинобар гузоришҳо, намояндагони кишварҳои ғарбӣ онро баррасӣ карда, вале кофӣ надонистаанд. Бо ин ҳол, онҳо изҳори омодагӣ кардаанд, дар таҳияи пешнависи қатъномаи дигере, ки битавонад режими Башшор Асадро ба поён додан ба саркӯбии мухолифонаш водор кунад, бо Русия музокира хоҳанд кард.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, пешнависи Русия ҳарчанд шомили таҳримҳои иқтисодӣ намешавад, аммо ба таври ҷиддӣ хоҳони поён додан ба хушунатҳо дар Сурия аст.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ
​Ҷаноби Чуркин гуфт, дар қатънома аз Сурия хоста шудааст, ба хушунатҳои 9-моҳа хотима диҳад, ки ба тахмини Созмони Милал 5 ҳазор кушта бар ҷой гузоштаанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфт, ҳарчанд Вошингтон сад дар сад бо Русия дар мавриди пешнависи мазкур мувофиқ нест, аммо чун Русия барои нахустин бор баён медорад, ки масъалаи поён додани бӯҳрони Сурия бояд дар дастури кори Шӯрои Амнияти СММ қарор бигирад, умедвор аст, битавонад бо он кишвар дар хусуси поён додан ба хушунатҳо ҳамкорӣ кунад.

Русия ва Чин дар миёни 15 кишвари узви Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид танҳо аъзои дорои ҳаққи вето ҳастанд, ки то кунун бо судури як қатънома алайҳи ҳукумати Башшор Асад мухолифат карданд.
XS
SM
MD
LG