Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Украина. Энержӣ, тиҷорат, фанновариҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Киев бо ҳамтои украини худ Виктор Янукович гуфтушунид кард.

Дар ин дидор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар риштаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, низомӣ ва башарӣ баррасӣ шудаанд. Пас за гуфтугӯи ду раҳбар, мулоқоти ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Украина баргузор гашт.

Дар изҳороте, ки раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович баъд аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон мунташир кард, гуфта мешавад, ду кишвар на танҳо бояд имкониятҳои дастнохӯрдаи ҳамкориҳоми дуҷонибаро ба кор баранд, балки ҳузури худро дар бозорҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба таври муштарак густариш диҳанд.

"Бо эълони ин матлаб мо бартарӣ ва имкониятҳои ҳамсоягии Украина бо Иттиҳоди Аврупо ва имзои қарордоди мунтазираи ҳамбастагӣ бо ин иттиҳодро дар назар доштем. Ба ҷуз аз ин мавқеи ҷуғрофӣ ва робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо бозори азими Осиё ба мо имкон медиҳанд, барномаҳои барои тарафайн муфидро дар ин самт якҷоя пеш барем," -- омадааст дар баёнияи раисиҷумҳури Украина.

Мушовири президенти Украина, Андрей Гончарук ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, тарафи украинӣ бовар дорад, ки сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба равобити байни ду кишвар такони нав хоҳад дод. Ба ғайр аз тасмимҳои рушди ҳамкорӣ дар риштаҳои маълум, ду кишвар мехоҳанд равобити байни додгоҳҳои конститутсионӣ ва кумитаҳои миллии олимпии онҳо низ густариш пайдо кунад. Вазири рушди минтақаӣ ва сохтмони Украина Анатолий Близнюк гуфтааст, ҳайатҳои ду кишвар инчунин дар бобати навсозии тавонмандиҳои иншооти энергетикаи обӣ гуфтугӯ хоҳанд дошт.

Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон акнун дар шаҳри Днепропетровск идома хоҳад кард. Бино ба маълумоти расмӣ табодули мол миёни Тоҷикистон ва Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, назар ба соли 2009 65 дарсад бештар шудааст. Рушди додугирифти ду кишвар дар 9 моҳи соли равон 116 дарсад афзуда, аллакай ба 60 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG