Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Маҷлиси Миллӣ қонунҳоро таҳрир карданд


Вакилони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, чанд қонун, аз ҷумла, дар бораи милиса ва дар бораи силоҳро таҳрир карданд.

Баъди таҳрир ба “Қонун дар бораи милиса” вазорати умури дохилӣ ҳаққи дар кишвар бунёд кардани марказҳои махсус барои нигаҳ доштани муҳоҷирони иҷбории хориҷӣ, фирориён ва афроди бидуни шаҳрвандро хоҳад дошт.

Ба иттилои хабаргузории "Азия-плюс", сенаторҳои тоҷик ба “Қонун дар бораи горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйирот ворид намуданд ва аз ин баъд муовини фармондеҳ ва фармондеҳи нерӯҳои вижаи Горди миллӣ бо амри фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин хоҳанд шуд.

Вакилони Маҷлиси Миллӣ ҳамчунин номи чаҳор ҷамоат ва ёздаҳ деҳаи ноҳияи Восеъро тағйир доданд.
XS
SM
MD
LG