Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тарҳи таҳрим. Зарбаи Амрико ба иқтисоди Эрон


Бонки марказии ҷумҳурии исломии Эрон
Бонки марказии ҷумҳурии исломии Эрон

Як имзои Барак Обама метавонад таҳримҳои Амрико алайҳи Бонки марказии Эронро густариш диҳад.

Маҷлиси намояндагони Амрико бо тасвиби се тарҳи ҷудогона хоҳони густариши таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон, аз ҷумла Бонки марказӣ ва ҳавзаи нафту энержии ҷумҳурии исломӣ шуд.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо 283 раъйи мувофиқ дар баробари 136 райъи мухолиф тарҳи 662 миллиард долларии буҷаи дифоии Амрикоро ба тасвиб расонд. Бар асоси яке аз бандҳои он, муассисаҳои молии хориҷӣ дар сурати муомила бо Бонки марказии Эрон аз сӯи Амрико мавриди таҳрим қарор хоҳанд гирифт.

Ҳадаф аз тасвиби ин тарҳ муқобила бо фаъолиятҳои ҳастаии Эрон арзёбӣ мешавад. Фаъолияте, ки Ғарб ва Амрико аз он нигаронанд ва гумон доранд, ки он низомӣ аст. Эрон ҳамвора ин иддаоро рад кардааст.

Пеш аз ин, Сенати Амрико тарҳи ба ин монандаро ба тасвиб расонида буд. Аммо тарҳи таҳримҳои тоза алайҳи Бонки марказии Эрон замоне ба иҷро хоҳад расид, ки зери он Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико имзо бигузорад.

Рӯзи чаҳоршанбе (14 декабр) ҳамчунин аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико ду тарҳи таҳрими дигар алайҳи Эронро низ ба таври ҷудогона тасвиб карданд.

Бар асоси яке аз ин тарҳҳо ширкатҳое, ки бо бахши саноати нафтии Эрон, аз ҷумла дар заминаи сармоягузории воридот, фурӯши коло ва хадамот муомила кунанд ва дар тӯли як сол фарвардаҳои нафтии тасфияшударо ба қимати панҷ миллион доллар ё бештар дар ихтиёри Эрон қарор диҳанд, аз сӯи Амрико мавриди таҳримҳои тоза қарор хоҳанд гирифт.

Тарҳи дигар кишварҳо ва ё ширкатҳоеро, ки дар ҷиҳати сохти силоҳҳои ҳастаӣ, кимиёӣ ва биологӣ ба Эрон, Куриёи Шимолӣ ва Сурия кӯмак мекунанд, шомили таҳримҳои Амрико хоҳад кард.

Иёлоти Муттаҳида дар чанд вақти гузашта барои муқобила бо барномаи атомии Эрон ва ҳамчунин дар вокуниш ба муттаҳам шудани ҷумҳурии исломӣ аз сӯи Амрико ба талош барои террори сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон, таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон ба иҷро дароварда буд.
XS
SM
MD
LG