Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози даври дувуми интихобот дар Миср


Имрӯз дар Миср даври дувуми интихоботи парлумонӣ шурӯъ шуд. Ин нахустин интихобот аз замони суқути давлати Ҳуснӣ Муборак дар натиҷаи эътирозҳо дар моҳи феврал аст. Тайи ду рӯз дар ин даври раъйгирӣ ҳудуди 19 миллион интихобкунанда ҳаққи ширкат доранд. Интихоботи ҳарду маҷлиси парлумони Миср дар миёнаҳои моҳи март такмил хоҳад шуд. Дар даври аввали интихобот аҳзоби исломии таҳти раҳбарии Ихвонулмуслимин баранда шуданд.
XS
SM
MD
LG