Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи нави дармони саратонро кашф кардаанд


Пажӯҳишгарони исроилӣ мегӯянд, як шеваи мубориза бо бемории саратонро ошкор кардаанд, ки хатари бозгашти ин беморӣ баъди дармонро кам мекунад. Донишмандони Донишгоҳи Тел Авив гуфтанд, абзори баробари сӯзанро сохтаанд, ки варами саратонро аз дохилаш бо ташшашӯъ ва ё радиатсия кам мекунад. Дармон то 10 рӯз идома мекардааст ва дар бадан миқдори ночиз ва безиёни сурбро мегузоштаст. Озмоишҳои ин шеваи дармони саратонро дар шифохонаҳо ба зудӣ шурӯъ мекардаанд.
XS
SM
MD
LG