Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дархости пас додани ҳавопайморо рад кард


Теҳрон имрӯз дархости пас додани ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро рад кард. Вазири дифоъи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ гуфт, Амрико ба ҷои ин мебоист барои нақзи ҳарими ҳавоии Эрон узр мехост. Эрон мегӯяд, ин ҳавопайморо баъди вурудаш ба ҳарими ҳавоии Эрон дар фосилаи 225 километр аз марзи Афғонистон суқут додааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз гуфт, Амрико расман аз Эрон хоста, ки ҳавопаймояшро баргардонад.
XS
SM
MD
LG